​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

Шумо хоҳиши мутахассисони ояндаи ихтисоси математикаи амалӣ шуда, дорои касби математик-ҳисоббарор, муаллими математика ва информатика шуданиед. Ва хоҳиши ҳамчун математик-ҳисоббарор дар бонкҳо, корхонаҳо, ширкатҳои алоқаи мобелӣ ба ҳайси барномасоз ва ҳамчун омӯзгор дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсею гимназияҳо кор карданро доред. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати амалӣ шудани орзуҳоятон имконияти мусоидро фароҳам овардааст.

Аз рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисоси математикаи амалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро, ки таҳти рамзи 1 31 03 03 02 омадааст, интихоб намоед!

Таълим дар ихтисоси мавриди назар аз рӯи низоми бакалавр, 5-сола (ихтисоси ҳамгиро) сурат мегирад. Шакли таҳсил рӯзона ва фосилавӣ буда, намуди таҳсил ройгон ва ҳам шартномавӣ мебошад.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ