​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

1 98 01 01 01. – таҳти ин рамз дар рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисоси амнияти компютерии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омадааст!

Ин ихтисос дар назди кафедраи барномарезии донишгоҳ амал мекунад. Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (4-сола) сурат мегирад. Шакли таҳсил рӯзона аст. Таҳсил ройгон ва пулакӣ мебошад. Мутахассисони ин ихтисос дар ташкил ва дастгирии системаҳои иттилоотӣ, ки дар саросари кишвар рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст, фаъолият хоҳанд бурд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ