​Истиқлол: Гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо мақсади ҷалби довталабон

Дар шаҳри Истиқлол бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкардаистодаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо сафарбаркунии устодони факултети иқтисодӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷараён гирифт.

Устодони факултети иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №2, №3 №5 ва №6-и шаҳри Истиқлол корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, хонандагонро бо равандҳои фаъолият ва баъзаи моддӣ ва техникӣ ва ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ошно намуданд.

Зикр гашт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои базаи моддиву техникӣ ва ахборотии раванди таълим, бинои асосӣ, 9 бинои таълимӣ,4 хобгоҳ (духтарона ва писарона), 196 тахтаи электронӣ, 439 проектор, 356 экран барои проектор, 315 принтер, 45 сервер, 230 гармусарддиҳанда, 222 ноутбук ва 2510 компутер бо пайвастшавии хатти шабакаи ягонаи интернет интернет мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки донишгоҳ дорои 41 кабинети методӣ, 73 кабинети фаннӣ, 4 синфхонаи лингофонӣ, 32 лабораторияҳои таълимӣ-илмӣ, 1 студияи телевизион, 1 студияи радио, 3 осорхона, 4 устохона ва 41 синфхонаи компутерӣ мебошад, ки имкониятҳои фаровони техникиро дорост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ