​Дарси кушод: Нигоҳе ба мақому манзалати сардафтари адабиёти муосири рус

Дарси кушод аз фанни “ФИ: Адабиёти халқҳои ИДМ” дар мавзӯи “Максим Горкий – сардафтари адабиёти муосири рус” бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зеварой Бобоева барои гурӯҳҳои 403-404 ташкил карда шуд.

Дарси мазкур пас аз баррасии мавзӯи гузашта “Зиндагиномаи М.Ю. Лермонтов. Таҳлили ғоявӣ-бадеии ашъори адиб” тариқи муаррифӣ (слайд) доир ба фаъолият ва мақому манзалати Горкий дар таърихи адабиёти ИДМ, хоса адабиёти рус сурат гирифт.

Дар охир садорати факултети филологияи тоҷик ва устодони кафедраи адабиёти муосири тоҷик сухан карда, доир ба дарси кушод ибрози назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ