Факултети биология ва химия

Телефон барои маълумот

  • Бинои таълимӣ 1

акултети биология ва химия - оҳи июни соли 1932 дар заминаи курсҳои дусолаи тайёркунии муаллимони мактабҳои миёна Пажўҳишгоҳи илмии педагогӣ – ИОП (сонитар, аз соли 1934 – Институти дувуми давлатии педагогии тоҷик ва моҳи декабри соли 1938 бо Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ба Донишкада номи С.М. Киров дода мешавад ва аз ҳамон вақт сар карда, он Донишкадаи давлатии педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод (ИДПЛ) номида шуд, таъсис ёфт.

ИОП соли таҳсили 1932–33-юмро бо 28 нафар донишҷӯ дар ду шуъба – агробиологӣ (14 нафар) ва техникӣ-физикӣ (14 нафар) оғоз намуд. Моҳи январи соли 1933 кафедраи химияю биология таъсис меёбад ва нахустмудири он химик, и.в. профессор А. А. Диброва таъин мешавад. Минбаъд ин вазифаро аз моҳи сентябри соли 1933 то моҳи октябри соли 1934 ботаник, и.в. профессор Б. М. Комаров бар ўҳда мегирад. Моҳи сентябри соли 1934 кафедра ба ду кафедраи мустақил: кафедраи химия (мудир А.А. Диброва) ва биология (мудир Б.М. Комаров) ҷудо шудааст. Минбаъд шуъба номи «Факултети табиатшиносию химия»-ро мегирад.Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ кафедраҳои факултет ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аҳамияти калон медиҳанд. Бо кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди олимону омӯзгорон ва дастгирии раёсати Донишкада кафедраҳои навтаъсиси факултет соҳиби васоити таълимӣ гардида, заминаи илмии худро устувор ва ғанӣ гардонид. Ҳанӯз дар ду соли аввали таъсисёбии Донишкада лабораторияҳои кафедраи химия соҳиби 1318, кабинетҳои ботаника – 358, зоология – 679 ва геология – 500 номгӯй лавозимоти таълимӣ дар ҳаҷми 88771 сӯму 66 тини ҳамонвақта гардид. Соли 1936 Донишкада аввалин 15 муаллимони мактаби миёнаро тайёр кард, ки аз онҳо 9 нафарашон табиатшиносон буданд. Бо амри зарурат, соли 1936 факултети химия таъсис ёфт ва он то со-ли 1943 арзи вуҷуд кард. Он солҳои 1938, 1940, 1941 ва 1942 36 нафар хатмкунандагонро тайёр намудааст, ки аз онҳо 30 нафарашон намоян-дагони миллати маҳаллӣ буданд.


Соли 1938 дар Донишкада вазифаи деканӣ муқаррар карда меша-вад. То ин дам вазифаи мазкурро директори Донишкада иҷро мекард. То соли 1945 вазифаи декани факултет бар ўҳдаи А.А. Диброва вогузор гардида буд. Солҳои 1944–1956 факултети мазкур бо факултети физикаю математика якҷоя шуда буд ва номи «Факултети табиатшиносӣ ва физикаю математика»-ро гирифт. Сарвари он солҳои 1945-46 ботаник А.А. Атаев, 1946-47 биолог Қ. Назаров ва солҳои 1948–1956 физик Т.Ҳ. Ҳомидов буданд. Солҳои 1956–1957 факултети табиатшиносиро В.Ш. Шамсиев сарварӣ мекард.

Соли таҳсили 1957-58 дар факултет шуъбаи география кушода ме-шавад. Аз ҳамон вақт сар карда, «Факултети табиатшиносию география» унвон мегирад. Солҳои минбаъда ин боргоҳи илму маърифатро Р. Каримов (1958–1962), Р.А. Носирова (1962–1968), О. Дадобоева (1968–1969), А.С. Саидов (1969–1973), Ҳ.Қ. Қосимов (1973–1974), И. Тӯрақулов (1974–1979), Ҳ.Ғ. Очилов (1979–1985), Б. Ҳомидов (1986–1987) ва Б.М. Ҳайдаров (1988–1993) сарварӣ намудаанд. Соли 50-уми асри гузашта дар харитаи географии мавзеи Сомғори ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) минтақаи таҷрибавӣ-истеҳсо-лӣ (сонитар стансияи агробиологӣ)-и ДДОЛ бо ташаббус ва заҳмати декани факултет Р. Каримов, устодон Қ. Назаров, Р. Норматов, декани факултети физикаю математика А.М. Қурбонов ва дастгирии ҳамаҷонибаи директори Донишкада П.Х. Ҳамроқулов (1959–1965) ташкил гардид. Соли 1993 аз факултет бо сабаби ба Донишгоҳ табдил додани Донишкадаи омӯзгорӣ (13.06.1991) факултети география ҷудо гардид ва факултет номи «Факултети табиатшиносӣ»-ро гирифт. Моҳҳои сентябри соли 1992-феврали соли 1993 и.в. деканї ба зиммаи Т.Қ. Ҳабилов ва солҳои 1993–1996 вазифаи мазкур бар дӯши Н. Ҳакимхӯҷаев меафтад.

Моҳи апрели соли 1996 аз факултети табиатшиносӣ факултети химия ҷудо мешавад ва Н. Ҳакимхӯҷаев то моҳи ноябри ҳамон сол дека-ни он таъин мешавад. Факултети география ба факултети табиатшиносӣ ҳамроҳ мешавад ва номи факултети «Биология ва география»-ро мегирад. Сарварии он бар дўши И.Т. Тӯрақулов вогузор мешавад. Моҳи ноябри соли 1996 се факултет: география, табиатшиносӣ ва химия якҷоя шуда, унвони «Факултети фанҳои табиї»-ро мегирад ва сарвари он то моҳи декабри соли 2000 И. Тӯрақулов таъин мешавад. Солҳои минбаъда олимон С.Б. Каримов (2000–2008) ва М.Ҷ. Бобоҷонова (2008–2010) ба факултет роҳбарӣ намуданд.

Моҳи январи соли 2011 факултет ба ду бахш: географияю экология ва факултети биологияю химия ҷудо мешавад. Аз моҳи январи соли 2011 то январи 2013 сарвари факултети биология ва химия М.Ҷ. Бобоҷонова ва аз моҳи январи соли 2013 то моҳи марти 2016 М.И. Сабуров таъин гардиданд. Аз моҳи марти соли 2016 то имрӯз Ш.Р. Мирзобаҳодурова ин вазифаро бар дӯш дорад.


Кафедраи химия, ки аз моҳи сентябри 1934 чун кафедраи мустақил фаъолият дошт, тирамоҳи соли 1939 ба ду кафедра: кафедраи химияи ғайриорганикӣ (мудир А.А. Диброва) ва кафедраи химияи органикӣ (мудир номзади илмҳои химия Л.Ш. Раҷабов) тақсим мешавад. Тирамоҳи соли 1940 ин кафедраҳо боз якҷоя шуда, номи кафедраи химия мегирад (мудираш то кӯчбандӣ ба Украина, тирамоҳи соли 1945 – А.А. Диброва, солҳои 1946-1948 – А.С. Сулаймонов, солҳои 1948-1952 – М.А. Ализода, солҳои 1952-1956 – А.С. Сулаймонов, солҳои 1956-1963 – М.А. Ализода, солҳои 1964-1973 – Ҳ.Қ Қосимов, солҳои 1974-75 – Р.К. Каримов, солҳои 1975-1980 – М. Муҳиддинов, солҳои 1980-1992 – Н. Хакимхӯҷаев, солҳои 1993-1995 – Р. Охунов).

Бо тақозои замон, баъди 56 соли барҳамхӯрӣ, кафедраи химия моҳи январи соли 1996 ба ду кафедра – химияи умумӣ ва методикаи таълими он (мудирон: солҳои 1996-1999 – Р. Охунов, солҳои 1999-2004 – Н. Ҳакимхӯҷаев, солҳои 2004-2012 – Р. Охунов, аз моҳи ноябри соли 2013 то имрӯз З.С. Аҳмедова) ва кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ (мудирон: солҳои 1996-2008 – М.С. Муҳаммадҷонов, июли соли 2008–декабри соли 2010 – Р.А. Ҷӯлиев, январи соли 2011–феврали 2013 С.Н. Ҳакимхӯҷаев, моҳи марти соли 2013–то моҳи сентябри соли 2014 Д.А. Артиқова) ҷудо мегардад. Аз моҳи сентябри соли 2014 то имрӯз сарварии кафедраро Ҳ.И. Тиллобоев бар уҳда дорад.

Соли 1936 аз кафедраи биология кафедраи ботаника ҷудо мешавад (мудираш Б.М. Комаров). Сарварии кафедраи биология ба дӯши профессор А.В. Бурсев гузошта мешавад Таъсисгарони кафедраҳои химия, биология, ботаника профессорон А.А. Диброва ва Б.М. Комаров дар рушди илмҳои табиатшиносӣ дар Тоҷикистон хидматҳои шоиста кардаанд. Он солҳо ба тарбияи кадри маҳаллӣ эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Соли 1934 дар рӯзномаи шаҳрӣ дар ин хусус мақолаи Комаров Б.М. таҳти унвони «Ба таҳқиқоти илмӣ ҷалб намудани донишҷӯён» интишор ёфта буд. Комаров Б.М. 27 сол, яъне то нафақа (1959) сарварии кафедраи ботаникаро бар уҳда дошт. Сипас, му-дирон: А.А. Атаев (1959–1977), Г.А. Домишлинес (солҳои 1977–1978), О. Дадобоева (1978–1982), М. Тоҷибоев (1982–1997) ва М.Ҷ. Бобоҷонова (1997–1999) ин вазифаро идома доданд. Дар соли 1999 кафедра номи ка-федраи ботаника ва физиологияи растаниҳоро мегирад. Аз соли 2009 вазифаи мудири кафедраро то моҳи апрели соли 2014 Р. Ҳакимова бар зимма дошт. Аз моҳи апрели соли 2014 то имрӯз мудирии кафедра бар дӯши Ё.Р. Ҳомидов вогузор гардидааст.

Кафедра дорои гербарийи ба номи Б.М. Комаров мебошад, ки пой-гоҳаш ҳоло соли таҳсили 1932-33 гузошта шуда буд. Имрӯз фонди он беш аз 75 ҳазор нусха растаниҳоро дар бар гирифта, асосан аз маводи ҷамъ-овардаи олимон Б. Федченко, Б.М. Комаров, О. Дадобоева ва И. Тӯрақулов, Ғ. Ғаффоров иборат мебошад. Гербарий ҳамчун пойгоҳи таълимӣ ва илмӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён ва ходимони илмӣ ва омӯзгорон дар раванди дарсу таҳқиқоти илмӣ васеъ истифода бурда мешавад. Кафедраи биология дар соли таҳсили 1937-38 ба ду кафедра – ка-федраи дарвинизм (мудир, профессор А.В. Бурсев) ва кафедраи зоология (мудир, профессор М.Ф. Коновалова) ҷудо шуд. Солҳои ҶБВ кафедраҳои сикли биология бо унвони кафедраи табиатшиносӣ якҷоя карда мешавад (мудир Б.М. Комаров). Баъди ҷанг ин кафедра ба ду кафедра – кафедраи ботаника (мудир Б.М. Комаров) ва кафедраи зоология тақсим мегардад (мудирон: М.Ф. Коновалова, С.Ю. Мадаминов, И.М. Уткина, В.М. Веретенникова, Ю.Д. Дониёров). Соли 1968 аз кафедраи зоология кафедраи анатомия, физиология ва гигиенаи мактабӣ ҷудо мешавад (нахуст-мудир, номзади илмҳои тиб М.К. Маллахоҷаев, сонитар Ғ.К. Муҳаммадов, А.Б. Муҳиддинов, Т.Қ. Ҳабилов) ва соли 1996 боз бо кафедраи зоология якчоя шуда, номи кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонотро мегирад (мудирон: М. Муҳаммадқулов, З.К. Домуллоева, С.Б. Каримов, Ш.Р. Мирзобаҳодурова, З.К. Домуллоева ва аз моҳи августи соли 2016 то имрӯз, тавассути фармони Ректор, М. Муҳаммадқулов).

Кафедра дорои Музеи ба номи Р.А. Мирзобаҳодуров мебошад, ки пойгоҳаш ҳанӯз соли таҳсили 1932-33 гузошта шуда буд. Имрӯз фонди он беш аз 5200 нигора (экспонат) иборат аст. Дар ташкил ва тадриҷан ғанигардонии он нахустмутахассисон – зоологҳо М.Ф. Коновалова ва С.Ю. Мадаминов, сонитар Р.А. Мирзобаҳодуров ва Т. Аҳмадов хидмати арзанда анҷом додаанд. Музей барои тарбияи экологӣ ва зебопарастии донишҷӯёни шаҳру вилоят ва берун аз манотиқи Тоҷикистон саҳм ва аҳамияти калон дорад. Охирҳои нимаи якуми соли 1969 дар факултети табиатшиносию география кафедраи методикаи таълими табиатшиносӣ ва география таъсис ёфта, нахустмудираш О. Дадобоева таъин мегардад (сипас, мудирон: Р.А. Мирзобаҳодуров, Ғ.К. Муҳаммадов). Соли 1992 он номи кафедраи методикаи таълими биологияро мегирад. Соли 1998 бошад, кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими он, сипас, кафедраи биологияи умумӣ ва ҳифзи табиат номгузорӣ мешавад (мудирон: И.Т. Тӯрақулов, Ғ. Ғаффоров, С.Б. Каримов, Ё.Р. Ҳомидов). Моҳи январи соли 2011 кафедра бо номи биология ва методикаи таълими он бунёд мешавад (и.в. мудир Х.О. Хидиров, Ё.Р. Ҳомидов ва аз моҳи ноябри соли 2014 то имрӯз С.Б. Каримов).

Имрӯз дар ду шуъбаи факултет панҷ кафедра – химияи умумӣ ва методикаи таълими он, кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ, кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо, кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот, кафедраи биология ва методикаи таълими он фаъолият дорад. Дар назди кафедраҳо семинарҳои илмӣ-назариявии профессорону омӯзгорон – «Илм ва ҳаёт», «Химия ва саноат», «Ботаник», «Биологияи асри XIX», «Орни-толог» ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён – «Кимиёгари ҷавон», «Кими-ёгар», «Ботаник», «Зоофизиолог» ва «Методист» мунтазам амал мекунад.