​Нашъамандӣ падидаи зараровари ҷомеа

Таҳти чунин унвон имрӯз дар факултети биология ва химия хониши сиёсӣ дорир гардид. Зимнан устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳмадҷолн Файзиев дар мавзуи «Ҷавонони Тоҷикистон зидди истифодабарии маводи мухаддир» маърӯза намукд. Мавсуф афзуд, ки нашъамандӣ падидаи зараровари ҷомеаи инсонӣ ва мушкилоти умумиҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ яке аз самт ҳои асосии сиёсати стратегии давлат мебошад. Ҳамчунин аз иштирокдорон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки бо ин падидаи номатлуби ҷомеа муборизаи беамон баранд ва нагузоранд, ки дар миёни ҷавонону ҷомеаи мо чунин кирдорҳои ношоями инсонӣ рушд кунад.

Мақсад аз баргузори хониши сиёсӣ пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон ва ҷомеа маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ