​Таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯёни кори тиббӣ-биологӣ

Барои донишҷўёни курси сеююми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ таҷрибаомӯзии таълимӣ оғоз шуд.

Ин иқдом мутобиқи Низомномаи намунавӣ дар бораи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо “Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2014 таҳти № 18/10” тасдиқ шудааст, роҳандозӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯён дар маркази ташхисӣ-табобатии “Сино-5”, шуъбаи Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, ҶДММ “Насли солим”, Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ва беморхонаи клиникии шаҳрии № 1 ба номи Ӯрунов таҷриба хоҳанд андӯхт.

Гуфта мешавад, ки таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён то 26 июн давом хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ