​Донишҷӯён масъалаҳои муҳими тиббӣ-биологиро муҳокима намуданд

Дар бахши донишҷӯёни конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар кафедраи тиббӣ-биологӣ 8 маърӯза шунида шуд. Аз ҷумла, дар доираи он мавзуъҳои “Вайроншавии механизми кори системаи хунгардиш”, “Бемории Подагра ва пешгирии он”, “Мафҳуми стресс ва дистресс”, “Бемориҳои хун дар кӯдакон”, “Вайроншавии вазифаи узву бофтаҳо ҳангоми гипоксия”, “Ифлосшавии атмосфера аз партовҳои корхонаҳои саноатӣ” ва “Назарияи ҳосилшавии ҳуҷайраҳои хун (Эритроситҳо лейкоситҳо ва тромбоситҳо) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Барои маърӯзаи беҳтарин таҳти унвони “Вайроншавии вазифаи узву бофтаҳо ҳангоми гипоксия” донишҷӯи курси сеюми ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ Сидиқов Саидаъзамхон ғолиб дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ