​Дарси кушод аз фанни зоологияи мӯҳрадорон

Дар факултети биология ва химия дарси кушоди сатҳи донишгоҳии мудири кафедраи зоология ва физиологияи одаму њайвонот профессор Мирзобаҳодурова Шаҳноза доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод аз фанни зоологияи мӯҳрадорон дар мавзуи “Моҳиҳои тағоякӣ” барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси биология баргузор гардид.

Профессор Мирзобаҳодурова Шаҳноза дар ҷараёни дарс аз методҳои муосири таълим, технологияҳои муосир, маводи таълимӣ, адабиётҳои фаннӣ, айёниятҳои осорхонаи зоологӣ, суфрамоҳӣ мустаҳзарҳои тар васеъ истифода намуда, барои азхуд намудан ва мустаҳкам кардани донишҳои нав ба донишҷӯён маводи муосири илмӣ-тадқиқотии ин соҳаро пешниҳод намуд.

Дарси мазкур бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва татбиқи Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ