Кафедраи тиббӣ-биологӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи тиббӣ-биологӣ соли 2018 бо фармони ректори Донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. таҳти №105 аз 26.04.2018 дар заминаи факултети биология-химия ташкил карда шуд. Ба вазифаи мудири кафедраи тиббӣ – биологии факултети биология-химия дотсент Обидова М. Д. таъин гардид. Дар кафедра 2 нафар дотсент (Обидова М.Д., Мансуров Ф.С.), ва 18 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, соҳибкасб ва духтурони дараҷаи олӣ (аз онҳо 13-нафар муштараквазифа) фаъолият мебаранд, ки дар таълиму тарбияи донишҷўён саҳми арзанда доранд.


Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Ворисони Сино” амал менамояд, ки дар он донишҷӯёни ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ бо маърўзањо баромад менамоянд. Ҳамчунин донишҷӯёни кори тиббӣ дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни донишҷӯён мунтазам дар чорабиниҳои симои мустақили 1-ум иштирок менамоянд.