Мизи мудаввар: “Роҳҳои пешгирии бемории ботулизм”
Дар факултети биология ва химия дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии сироятёбӣ ва заҳролудшавии барангезандаи ботулизм” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар доираи ин ҷамъомад оид ба барангезанда ва пешгирии бемории “Ботулизм” маълумоти муфассал дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ботулизм ин як бемории хатарноки сироятӣ ва заҳролудкунанда аст, ки аз таъсири ботулотаксин ба вуҷуд меояд. Бактерияи зараровар дар муҳити беоксиген ё оксигени камдошта афзоиш мекунад.
Зимни ироаи маърӯзаҳо қайд шуд, ки ин беморӣ аз давраҳои қадим инҷониб маълум аст. Пас аз сироят ёфтани организм давраи инкубатсионӣ аз якчанд соат то якчандрӯзро дар бар мегирад, ки дар натиҷа шахси сироятёфта аз ҳолати сабук то ба ҳолати марг оварда мерасонад.
Ба иштирокчиён роҳҳои пешгирии сироятёбӣ ва заҳролудшавии барангезандаи ботулизм фаҳмонида шуд.
Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими маърифати тиббии донишҷӯён маҳсуб меёбад.
Маркази иттилоот ва таҳлил