​Конференсияи илмӣ: “Роҳҳои пешгирии бемории сироятии COVID – 19”

Дар факултети биология ва химия бо ибтикори кафедраи тиббӣ-биологӣ перомуни мавзӯи “Роҳҳои пешгирии бемории сироятии COVID – 19” коференсияи илмӣ баргузор гардид.

Конференсияи мазкур дар доираи Ҳафтаи илм доир гардид ва дар он перомуни мавзӯи мавриди матраҳ маърӯзаҳо шунида шуданд.

Гуфта шуд, ки саломатии миллат – боигарии давлат буда, ҳифзи солимии ҷомеа дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Оид ба роҳҳои мубориза бо бемории сироятии COVID – 19 ва муайянсозии маъмулӣ дар вазъияти гирифторӣ ба ин беморӣ маълумот ироа шуд.

Ҳамзамон, нишонаҳои беморӣ шарҳ дода шуда, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шарҳ дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ