Мукофоти давлатии устодон боз як адад афзуд
30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз 32 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардидаанд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Дар доираи ин иқдом як нафар устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Обидова Мақсадой Домуллоҷоновна, дотсенти кафедраи кори тиббӣ-биологии факултети биология ва химия бо мукофоти давлатӣ - медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони cоҳибистиқлолии кишвар беш аз 40 нафар устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуда, ин теъдод торафт рӯ ба афзоиш дорад, ки натиҷаи меҳнату заҳмат ва садоқати устодон ба касби пуршарафи омӯзгорӣ унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил