Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Телефон барои маълумот

  • +992929980356
    Телефон
  • Шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи Мавлонбеков 1

уъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соли 1996 ташкил шудааст. Сарварии онро дар солҳои гузашта Ҳ. Самадов, С. Ҷалолов, Р. Раҳматова, У.Ғаффорова ва А.А. Азизов ба ҳайси ноиб-ректорони бахши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ба уҳда доштанд. Аз соли 2019 инҷониб роҳбарии шуъбаро муовини ректор оид ба корҳои байналхалқӣ, тосент Р. Давлатзода ба зима дорад.

Дар ҳайъати он мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ М. Сиддиқова, сардори бахши такмили ихтисос ва кор бо шаҳрвандони хориҷӣ М. Ҳафизова, сармутахассис Ҷ. Истамқулов ва мутахассис Т.Каримов кор мекунанд.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо масъалаҳои ба роҳ мондан ва густариш додани шаклҳои гуногуни ҳамкории донишгоҳ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии кишварҳои мухталифи ҷаҳон, сафоратхонаҳо ва муассисаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин мусоидат намудан барои таҳсил ва бақайдгирии донишҷӯёне, ки аз хориҷаи дуру наздик дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, машғул аст. Дар тӯли зиёда аз 20 соли фаъолияти шуъба донишгоҳро зиёда аз 1000 муҳассилу унвонҷӯ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, Туркия хатм намуданд. Алҳол дар донишгоҳ зиёда аз 2 000 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд, ки онҳо дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Аз оғози таъсисёбиаш шуъба хамкориҳои донишгоҳро дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо зиёда аз 65 донишгоҳи гуногуни хориҷи дуру наздик ба роҳ монда, барои таҳсил ва коромӯзии тақрибан 480 нафар донишҷӯю омӯзгор заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар натиҷаи ин хамкориҳо дастурҳои методӣ, барномаҳои нави таълимӣ ва дастурамалҳои инноватсионӣ интишор гаштанд ва донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақоми хоса пайдо намуд.

Шуъба дар заминаи ҳамкориҳои тӯлонӣ бо Шуъбаи робитаҳои ҷамъиятии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, фонди Оғохон, Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Сафорати Федератсияи Русия, Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий ва Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Русия, Сафоратхонаҳои Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Фаронса, Индонезия ва ташкилотҳои байналхалқии сершумор, аз ҷумла, ташкилотҳои байналхалқии “Россотрудничество”, ACCELS , IREX, DAAD, GIZ, ACTED, UNESCO, EUROASIA чорабиниҳои таҳсилотӣ, илмӣ, тадқиқотӣ ва бозомӯзии омӯзгоронро баргузор намудааст. Бояд кайд намуд, ки донишгоҳ аз соли 2013 аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзиши ҷомеаи форсизабон гардидааст, ки бо дастгирии фонди ташкилоти мазкур якчанд олими факултаи таърих асарҳои илмии худро чоп намуданд. Омӯзгорон ва донишҷўёни мо ҳамасола дар озмунҳои сафоратхонаҳои Хитой ва Ҳиндустон иштирок намуда, соҳиби роҳхат барои таҳсил ва коромӯзӣ дар донишгоҳҳои гуногуни ин кишварҳо мегарданд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо маркази Конфутсий, Сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ шуъбаи омӯзиши забони чинӣ таъсис дода шудааст, ки дар он мутахссисони чинӣ барои муҳассилини тоҷик сабақ меомӯзонанд.

Дар панҷ соли охир ба донишгоҳамон сафирони кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Фаронса, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон ташриф оварда, кумаки моддиву маънавӣ расонида, барои такмил ва инкишофи муносибатҳо бо донишгоҳҳои ин кишварҳои азим замина гузошта шуд. Дар заминаи ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Белорусия шуъба бо Донишгоҳи давлатии ин кишвар равобити мустаҳками донишгоҳро барқарор намуда, барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замон шартномаи дуҷонибаро ба имзо расонид.

Дар 10 соли охир (2010-2020) Донишгоҳ зимни иштирок ва татбиқи зиёда аз 20 лоиҳаи инвеститсионӣ, аз рӯи барномаҳои ташкилоти байналмилалии TEMPUS, зери унвонҳои «CANQA «Шабакаи осиёимиёнагии таъминоти сифат», «PROTRAINING- Такмили ихтисоси омӯзгорони низоми кредитӣ», «EPASAT – Ҳифзи муҳити зист ба воситаи тараққиёт ва истифодабарии агротехнология дар он», «EDUCO – Таҷаддуд ва инкишофи барномаҳои таълимӣ аз фанни педагогика ва менеҷмент дар низоми таҳсилоти Осиёи Марказӣ», «MEDIATE - Магистратура аз информатика ва телекоммуникатсия», «TEMPUS-QUADRIGA- Чаҳорчӯбаи тахассусмандӣ дар Осиёи Марказӣ дар асоси принсипҳои Балониявии ҳамоҳангсозии минтақавӣ», TEMPUS - ҒNIVIA «Инкишоф ва ташаккули маъмурияти донишгоҳ оид ба корҳои байналмилалӣ» , «TEMPUS FLEPP - «Омӯзиши забонҳо бо мақсадҳои касбӣ», ҳамчунин аз рӯи 2 лоиҳаи барномаи байналмилалии ERASMUS MUNDUS зери унвонҳои «MANECA» ва «TOSCA» конфронсу семинарҳои гуногун гузаронида шуда, маводи зиёди илмию методӣ ва барномаҳои нави таълимӣ таҳия карда шудаанд. Инчунин бо маблағгузории баъзе аз он лоиҳаҳо якчанд синфхонаҳои компютерӣ, марказҳои илмӣ-методӣ, лабораторияҳои таълимӣ бо техникаю таҷҳизоти пешқадами замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Амалӣ шудани ин ва дигар лоиҳаҳои TEMPUS ва ERASMUS PLUS дар донишгоҳ яке аз нишонаҳои иҷро ва татбиқи принсипҳои ҷараёни Болония, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта шудааст, ба шумор меравад.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастрас намудани иттилооти зарурӣ оид ба барномаҳову озмунҳо, грантҳои таҳсилотӣ ба устодону донишҷӯён ёрии амалии худро мерасонад ва базаи электронии махсус ташкил карда шудааст. Дар солҳои охир сафи профессорону омӯзгорон, аспирантон, коромӯз-муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёни факултаҳое, ки аз рӯи озмунҳои мухталиф барои таҷрибаомӯзӣ, идомаи таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ё иштирок дар ягон чорабинии байналхалқӣ, аз ҷумла, конфронсу симпозиум ва фестивалҳо ба кишварҳои хориҷии дуру наздик сафар менамоянд, торафт меафзояд ва фаъолиятнокии академӣ ривоҷ меёбад. Дар 10 соли охир мутобиқи барномаҳои байналмилалӣ, гранти таҳсилотии сафоратхонаҳо, зиёда аз 300 нафар олиму донишҷў, магистранту аспирант ба донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ИМА,Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Россия таҳсилу коромӯзӣ намудаанд. Дар соли 2018 муносибатҳои Донишгоҳ бо чунин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ӯзбекистон, мисли Донишгоҳҳои давлатии Тошканд, Самарқанд, Андиҷон, Қӯқанд, ки намояндагони онҳо ба донишгоҳамон ташриф оварданд, вусъат ёфт ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

ШРБ дорои сохтори муайян мебошад, ки аз ду бахш: бахши таҳияю татбиқи лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳо ва бахши такмили ихтисос ва кор бо донишҷӯёни хориҷӣ иборат аст. Бахши аввал фаъолияти худро барои ҷустуҷӯ, дарёфт ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар асоси қонунгузории амалкунанда, “Оиннома”-и донишгоҳ, фармонҳо ва супоришҳои ректор амалӣ менамояд. Дар ин асно иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ (лоиҳаҳои грантӣ), таъминии ташкили техникӣ ва иттилоотӣ-методии фаъолияти донишгоҳро таъмин менамояд.

Бахши такмили ихтисос ва кор бо шаҳрвандони хориҷӣ ба хотири ба танзим даровардани муносибати донишгоҳ бо донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва мутахассисони хориҷӣ, ташкил ва назорати бақайдгирии ҳуҷҷатҳои истиқоматии онҳо ва сифати таҳсилоту давомот таъсис дода шудааст.

Руйхати шартномахо.xlsx