​Таҳкими равобити байналмилалӣ: Мубодилаи академии донишҷӯён

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом намояндагони Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Тошканд ба номи Алишер Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт. Иқдоми мазкур дар доираи шартномаи ҳамкории ҷонибҳо оид ба мубодилаи академикии донишҷӯён сурат гирифт.

Профессор Аюб Усмонзода декани факулети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Тошканд ба номи Алишер Навоӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммедова Саодатро ҳамроҳ бо шаш нафар магистрантон қабул намуда, доир ба таҳкими робитаҳои судманд суҳбат анҷом дод.

Ректори донишгоҳ аз муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид намуда, натиҷаи ин равобитро дар самти таҳкими маҳорати педагогии устодон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳассилин назаррас маънидод намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо 20 донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар доираи он силсилаи тадбирҳои созандаву судманд ба роҳ монда мешаванд, ки мубодилаи академии донишҷӯён аз зумраи онҳост.

Маврид ба зикр аст, ки ки шуруъ аз санаи 22 апрели соли 2024 намояндагони Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Тошканд ба номи Алишер Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳайати 7 нафар - профессор Муҳаммедова Саодат ва 6 нафар магистрантон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар ҷараёни машғулиятҳои факултети филологияи ӯзбек иштирок доранд.

Сафари мазкур дар доираи барномаи мубодилаи академии донишҷӯёну устодон роҳандозӣ гардида, дар назар аст, ки то санаи 27 апрел давом хоҳад кард.

Хотиррасон менамоем, ки чунин ташаббус қаблан низ амалӣ шуда, моҳи декабри соли 2023 дар доираи барномаи “Мубодилаи академии Омӯзгорон ва донишҷӯён” дотсенти кафедари забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими они факултети филологияи ӯзбек Раҳмонқулов Абдуназар барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва хондани лексияҳо ва 6 нафар донишҷуёни ихтисоси “Забони тоҷикиву адабиёти тоҷик ва забони ӯзбекиву адабиёти ӯзбек” ба Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ сафар намуда буданд.

Ҳамзамон, моҳи ноябри соли 2023 чор нафар омӯзгорони донишгоҳ ва 5 нафар донишҷуёни факултети санъати технология ва дизайн ба Донишгоҳи давлатии педагогии Тошканд ба номи Низомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри густариши чунин муносибатҳои самарабахш омода буда, дар ин самт тайёр аст, ки тадбирҳои заруриро анҷом диҳад.

Изҳори бовар шуд, ки чунин ҳамкориҳо минбаъд низ рушд меёбанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ