​Анҷумани дувуми ректорони донишгоҳҳои Узбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид

Нимаи дуюуми моҳи апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарипов Конгратбай, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.

Дар оғоз ҷонибҳо нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирамоновичро дар баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд махсус қайд намуда, иброз дошт, ки шуруъ аз соли 2017 ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф вусъати тоза пайдо кард.

Баъдан дар конференсияи байналмилалии «2030: афзалиятҳои рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» -дурнамои рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳадафи аслии ҳамоиш рушди сармояи инсонӣ, иқтидори баланди зеҳнии он, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва омода кардани кадрҳои қодир ба идоракунии илмӣ ва институтсионалии захираҳои бузурги табиии қаламравҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳии давлатии иқтисоди Тошканд бо иштироки намояндагони 17 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, дар доираи он як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ба тасвиб расиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ