​Маркази забон ва фарҳанги корея: Пуле байни халқҳо дар донишгоҳ

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Давлатзода Рухсора намояндагони сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ва омӯзгорони Марзкаи забон ва фарҳанги Кореяи Ҷанубӣ дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар доираи мулоқоти мазкур масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини рушди равобити судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, масъулин раванди корҳои омодагиро ҷиҳати таъсиси “Маркази забон ва фарҳангӣ Корея дар Донишгоҳ” муҳокима намуданд.

“Маркази забон ва фарҳангии Корея” дар базаи факулети геоэкология ва туризими донишгоҳ таъсис ёфта, интизор меравад, ки маросими ифтитоҳи ин марказ моҳи ноябр бо иштироки ректори донишгоҳ ва сафири тозаинтихоби Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ сурат хоҳад гирифт.

Дар марказ ду нафар мутахасисони соҳибзабон барои устодону донишҷӯён забон ва фарҳанги Кореяро омӯзонида, умед аст, ки ин иқдом ҷиҳати густариши муносибатҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Хотиррасон менамоем, ки феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо 130 муассисаи олии таълимӣ ва касбии хориҷ ҳамкориҳои самарабахш дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ