Тоҷикистону Чин: ҳамкориҳо дар ҳоли рушд
Дирӯз намояндагони Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин профессор Жанг Веиксинг ваГонг Джианан ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом меҳмононро ба ҳузур пазируфта, доир ба густариши равобити байналмилалӣ ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки ҳадаф аз ташрифи меҳмонон ба донишгоҳ пеш аз ҳама таҳким бахшидани ҳамкорҳои илмиву таълимӣ байни Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии мардумии Чин ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Ҳамзамон сарвари донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб зимни мулоқот аз фаъолияти робитаҳои байналмилалии донишгоҳ маълумот ироа намуда, афзуд, ки имрӯз ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бо 7 донишгоҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст ва ҳамасола даҳҳо донишҷӯён ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои бонуфзуи ин кишвар сафарбар карда мешаванд.
Дар идомаи мулоқот профессор Жанг Веиксинг доир ба имкониятҳои мавҷудаи Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин маълумот дода, қайд намуд, ки муассисаи таълимии мазкур яке аз бонуфузтарин муассисаҳо дар қаламрави Чин ба ҳисоб рафта он соли 1902 таъсис ёфтааст. Иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ бисёрсоҳавӣ буда,ба муносибатҳои байналмилалӣ, ҷалбу намудан ва сафарбарнамудани устодону донишҷӯён ба хориҷи кишвар аҳмияти хоса зоҳир менамояд.Таъкид рафт, ки дар раддабандии давлатӣ он дар ҷои 63-юм қарор дорад. Гузашат аз ин, донишгоҳи мазкур дорои бузургтарин китобхона дар шимолу ғарби Чин маҳсуб меёбад, ки дар он наздики 2,5 миллион китоб нигоҳдорӣ мешавад.
Мулоқоти имрӯза ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмиву таълимӣ муфид арзёбӣ гардида, ҷонибҳо доир ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои тарафайн ибрози ақида намуда, ҷиҳати мубодилаи академии донишҷӯёну устодон, чопи мақолаҳо дар ҳаммуаллифӣ, таҳияи лоиҳаҳои илмии муштарак, ташкил ва баргузории конференсияву ҳамоишҳои илмиву методӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил