​Ташрифи консули сафорати Корея ба Донишгоҳ

Дирӯз ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии консул Ҷаноби Ли Сунгу ва як қатор намояндагону масъулин ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон ба Донишгоҳ пеш аз ҳама омӯхтани имкониятҳои тарафайн, ба роҳ мондани ҳамкорҳои илмиву таълимӣ дар байни Донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Корея маънидод гардид. Зимни мулоқоти Ҷаноби Ли Сунгу бо роҳбарияти Донишгоҳ масоили омӯзиши забони кореягӣ ва таъсис додани “Маркази Корея” дар донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки маркази мазкур бо мақсади ҳамкориҳои мутақобилан судманди дӯстона ва якдигарфаҳмӣ байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муаррифии забону фарҳанги Корея дар Донишгоҳ таъсис дода мешавад. Қайд гардид, ки чунин марказ дар Донишгоҳи давлатии байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода солҳост, ки фаъолият мебарад ва натиҷаҳо хуб ба бор овардааст. Мулоқоти мазкур ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои илмӣ ва адабию фарҳангӣ байни кишварҳои Тоҷикистон ва Корея муфид арзёбӣ гардид. Маркази иттилоот ва таҳлил

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ