​Ректори донишгоҳ профессор Аҳмад Ҷаъфариро ба ҳузур пазируфт

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюб Усмонзода муовини Раиси Академияи дастхатҳои арабӣ дар назди Донишгоҳи Адрори Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир профессор Аҳмад Ҷаъфариро ба ҳузур пазируфт. Ташрифи мазкур дар ҳошияи сафари профессор ба муносибати конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва равобити адабӣ”, ки бо иқдоми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санаҳои 26-27 апрел баргузор мегардад, сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ ҳузури профессор Аҳмад Ҷаъфариро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, аз равобити байналмилалӣ ва аҳамияту натиҷаҳои судманди таҳкими ин муносибатҳо таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати густариши равобити байналмилалӣ ҳамеша ҳавасманд буда, дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш бо донишгоҳ ва марказҳои илмиву адабии хориҷ ҳамеша омода аст.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо 130 муассисаи оливу касбии бонуфузи хориҷ ҳамкорӣ дошта, дар доираи он мунтазам ташаббусҳои судманд роҳандозӣ мегардад, ки ташкили симпозиуму конфронс, ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ аз зумраи ҳамин ибтикор аст.

Таъкид рафт, ки конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва равобити адабӣ” низ самараи ҳамин равобити созандаи байналмилалии донишгоҳ аст, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ҷалби олимону муҳаққиқони номии донишгоҳҳои хориҷ доир мегардад.

Профессор Аҳмад Ҷаъфарӣ аз ташаббусҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хуш истиқбол намуда, кӯшиши роҳбарият ва олимону устодони донишгоҳро дар самти таъмини рушди муносибатҳои байналмилалӣ иқдоми сутуданӣ унвон намуд.

Профессор Аҳмад Ҷаъфарӣ аз тасмими худ дар самти таҳияи китоби тоза – сафарнома доир ба шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки баъд аз бозгашт ва иштирок дар конференсия анҷом хоҳад дод.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки чунин муносибатҳои самарабахши байналмилалӣ минбаъд низ таҳким меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ