​«ПУШКИН ВА ШАРҚ: ТАЪРИХ ВА МУОСИРИЯТ»

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Бунёди байналмилалии «Русский мир» таҳти унвони «Пушкин ва Шарқ: таърих ва муосирият» лоиҳа розандозӣ мекунад.

Лоиҳаи мазкур ба муносибати 225-солагии ин нобиғаи сухан бахшида шуда, ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва рушди омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ба роҳ монда мешавад.

Ҳадафи лоиҳа пайдо ва татбиқи механизмҳои муносиб барои дарки тозаи эҷодиёти А.С. Пушкин тавассути баргузории чорабиниҳо бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён, ҳамчунин тарғиби ғояҳои гуманистии ӯ унвон мешавад.

Дар доираи лоиҳа баргузор намудани конфронси байналмилалӣ бо иштироки олимон ва забоншиносони маъруф аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, семинарҳо барои омӯзгорони донишгоҳ ва коллеҷи педагогӣ дар назар аст.

Ҳамзамон, ташкил намудани мизи мудаввар барои кормандони масъули шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, олимпиада барои донишҷӯён ва дигар чорабиниҳо барои тарғиби забон ва адабиёти рус дар доираи лоиҳаи мазкур ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи мазкур то охири соли ҷорӣ давом хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ