​Густариши робитаҳои байналмилалӣ: 400 нафар омӯзгорон курси такмили ихтисосро хатм намуданд

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ барои 400 нафар устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров курси такмили ихтисос ташкил шуд. Ташаббуси мазкур дар доираи ҳамкории судманд бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия ба роҳ монда шуда, ду ҳафта шуруъ аз 23 сентябр то 6 октябри соли 2024 давом намуд.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русияро ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухсора Давлатзода ба ҳузур пазируфта, дар мавриди таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва ташаббусҳои тозаи судманд ибрози назар намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки курси мазкур аз рӯи ду самти илмиву таълимӣ - «Ташкили фаъолияти таълимӣ ва берун аз таълимии донишҷӯён дар донишгоҳ» ва «Муаммоҳои мубрами лингвистика ва лингводидактика» роҳандозӣ дар ду давр сурат гирифт. Давраи аввал тибқи барномаи «Ташкили фаъолияти таълимӣ ва берун аз таълимии донишҷӯён дар донишгоҳ» барои омӯзгорони 5 факултети донишгоҳ ва давраи дуюм дар факулетҳои забонҳои хориҷӣ ва филология рус барои омӯзгорони ихтисосҳои филологӣ баргузор гардид.

Мутахассисони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай дотсентон - Неболсина Марина Сергеевна, Тюкаева Надежда Ивановна, Юлия Вениаминовна Алеева ва Наталя Павловна Сазонова дар доираи курс таҷрибаи ташкили корҳои тарбиявӣ, фаъолияти олимпиадаҳо ва озмунҳо, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо донишҷӯён дар системаи таҳсилоти касбиро шарҳ дода, шунавандагон ба кори тарҳрезии фаъолияти таълимӣ ва берун аз таълимӣ шинос ва лоиҳаҳои шахсии худро мутобиқи дархостҳо ва ниёзҳои таълимӣ омода карданд.

Зимни мулоқоти намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия бо декани факулетети забонҳои хориҷӣ профессор Абдуллоева Меҳриниссо масоили марбут ба барномаи махсуси дипломҳои дуҷониба,ё худ 2+2, густариши мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки ҷиҳати таъсиси ихтисоси нави ҳамгиро 2+2 ( ду диплома) корҳои омодагӣ рӯзҳои наздик оғоз шуда, соли таҳсили 2025 – 2026 дар факултети забонҳои хориҷӣ ихтисоси мазкур таъсис хоҳад ёфт, ки тибқи он донишҷӯён имкони таҳсил дар ду донишгоҳ дар ду кишварро пайдо ва соҳиби ду диплом хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки шаҳодатномаи такмили ихтисос охири моҳи октябри соли ҷорӣ бо иштироки муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия ба шунавандагон супорида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ