Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Телефон барои маълумот

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ моҳи сентябри соли 2017 бо фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати беҳтар намудани низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таъсис дода шуд.

Дар баробари таъсиси шуъба бархе аз ваколатҳои шуъбаи аспирантура оид ба масоили тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба дўши шуъбаи навтаъсис вогузор шуданд.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба ташкилу баҳодиҳии сифати таълим дар докторантура ва аспирантура, ташкил ва гузаронидани аттестатсияии аспирантону докторантон, назорати ҷамъбасти ҳисоботи докторантон, аспирантон, унвонҷўён, коркарди тавсияҳо ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, ташкили силсилаи чорабиниҳои илмию методӣ, такмили нақшаву барномаҳои таълимии докторантура, назорати иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва ҷадвалҳои ҷараёни таълим дар докторантура ва аспирантура, санҷиш ва назорат дар самти дуруст ба роҳ мондани банақшагирии сарбории таълимии ҳайати профессорону омўзгорони кафедраҳо ва тавсияҳои илмиву методӣ масъул аст. Мутахассисони шуъба ҳамчунин дар конфронсу машваратҳо оид ба масъалаи санҷишу баҳодиҳӣ ба сифати таълим дар аспирантура ва докторантура, дар амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳаҳо иштирок менамояд.

Бояд иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини шуъба ба таври воқеӣ баҳо додан ба вазъи таъминоти кафедраҳои факултетҳо бо кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва буда, масоили мазкур ба таври силсилавӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода мешавад.

Дигар аз рукнҳои муҳими фаъолияти шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар донишгоҳ ташкил ва ба роҳ мондани ҳаракати олимпӣ мебошад. Алъон, ҷиҳати дарёфти донишҷўёни соҳибистеъдод озмунҳои фаннӣ дар се сатҳ - кафедра, факултет ва донишгоҳ ташкил шуда истодаанд.

Инчунин мутахассисони шуъба дар ташкили вохўриҳо, мизҳои мудаввару семинарҳои омўзишӣ бо аспирантон, докторантон ва унвонҷўён эътибори хоса зоҳир менамоянд. Ин қабил чорабиниҳо тибқи нақшаи шуъба соле ду – се маротиба ба роҳ монда мешаванд. Аз ҷумла, моҳҳои сентябр ва октябр бо муҳаққиқони ҷавони тамоми кафедраҳои факултетҳо вохўрӣ ташкил карда шуд, ки дар он мушкилот ва дурнамои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам қувват бахшидан ба ҷараёни тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ бо донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, дар пешбурди кори таълим дар донишгоҳ замина фароҳам оварад.

Умуман, фаъолияти шуъба аз нахустин рўзҳои мавҷудияти хеш дар ду самт – санҷидани вазъи кафедраҳо бо кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ба роҳ мондани усули самараноки таълим дар докторантура ва аспирантура ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ ҷараён гирифта истодааст. Мутахассисони шуъба баланд бардоштани сифати тайёр кадани кадрҳои илмӣ ва педагогиро рисолати касбии хеш дониста, тамоми нерўи зеҳниашонро барои самаранок омода намудани кадрҳои илмӣ ва тарбияи омўзгорони соҳибкасб равона кардаанд.