​Озмуни “Иншои беҳтарин” эълон гардид

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни донишгоҳ озмуни донишгоҳии «Иншои беҳтарин»-ро эълон менамояд.

Талабот ба кори озмун:

- Иншо бояд фарогири мавзуъҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

- Иншо бояд дар дафтар навишта шавад;

- Як нафар донишҷӯ метавонад вобаста ба се мавзӯъ се иншо пешниҳод намояд;

- Муҳлати охирони қабули иншосанаи 3.11.2021, соати 16:00

Ғолибони озмун дар чорабиниҳои тантанавии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда мешаванд.

Маводи беҳтарин ба даври шаҳрии озмун, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд эълон шудааст, пешниҳод карда мешавад.


Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии раёсати донишгоҳ, утоқи 105

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ