​ДДХ: 21 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” роҳ ёфтанд

21 нафар донишҷӯ, магистрант, докторант ваомӯзгори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”донишгоҳро муаррифӣ хоҳанд кард.

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” тайи ду сол аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ” баргузор карда шуда истодааст.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то охири моҳи ноябр аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” нимаи аввали моҳи сентябр дар Мактаби Президентии воқеъ дар шаҳри Бӯстон гузаронида шуд. Аз Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 23 нафар аз ҳисоби донишҷӯ, магистрант, докторант ваомӯзгор иштирок намуданд.

Тибқи иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд 21 нафар иштирокчии донишгоҳ дар даври вилоятии озмуни мазкур сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.Аз онҳо 4 -нафар ҷойи якум, 10-нафар ҷойи дуюм ва 7- нафар зинаи сеюмро касб намуда, ба даври ҷумҳурияии озмун роҳхатгирифтанд.

Ғолибони даври вилоятии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дотсенти факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Аҳмадҷон Домуллоҷонов, донишҷӯён Шӯҳратулло Фатҳуллоев, Нодирахон Зокирова, Мадина Холматова, Шаҳзод Юнусов, Умедҷон Фозилов, Мақсадхон Раҳмонова, Ҷаҳонгир Раупов, Башоратхон Ахмедова, Фирдавс Худойбердиев Лайло Шарифова, Шаҳзод Шоматов, Мавзуна Хабилова, Фахриёр Хуҷамбердиев, Маҳфузахон Насимхонзода, Аҳмадбой Ҳалимов, Мафтуна Қудусова, Шодимурод Шодиев, Мубинҷон Рустамов, Сунатулло Ибодзода ва Азимҷон Файзуллоев мебошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ