​21 нафар ғолибон аз донишгоҳ ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” роҳ ёфтанд

Аз 30-юми октябр то 1-уми ноябри соли равон дар МДТ “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” баргузор гардид, ки 39 нафар донишҷӯёну докторантон Phd ва омӯзгорон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз рӯйи шартҳои аз ёд хондани осори адибон, асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик, намунаҳои осори адибони ҷаҳон мутолеа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ ширкат варзиданд.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни мазкур бо маҳорат ва малакаи фитрии хеш ба дастовардҳои шоён ноил гардиданд. Дар асоси натиҷагириҳои ҳайати ҳакамони даври вилоятӣ 14 нафар донишҷӯён, 5 нафар докторантон Phd, 2 нафар омӯзгорон сазовори ҷойҳои намоён (аз ҷумла, 7 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 6 ҷойи сеюм) гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 бори аввал роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ