​Даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати ифтитоҳии даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ширкаткунандагони даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки иштирокчиён тавассути мутолеаи фарох, ошноӣ бо адабиёти милливу ҷаҳонӣ донишу заковати хеш дар сатҳи матлуб нишон хоҳанд дод.

Қайд гардид, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрўзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрўза дорои мақоми шоиста мебошад.Роҳбари донишгоҳ илова намуд, ки Пешвои миллат бо таваҷҷуҳи хоса таъкид меварзанд, ки миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст ва “китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврас” ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки нашри асарҳои адибони классикии тоҷик ва муосир, бунёди нашрияҳои нав ва таҷдиди суннату фарҳанги китобхонӣ таҳти парастории ҳамешагии Роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» чунин тадбирҳои муҳими Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, дар ин замина корҳои муҳимеро ба анҷом расонида меояд. Аз ҷумла, дар соли сипаригардида магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии Озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 9 ҷои намоён ва дар даври вилоятӣ 23 ҷои ифтихориро ба даст оварда, дар байни муассисаҳои олии касбии мамлакат донишгоҳ бори аввал мақоми аввалро соҳиб гардид.

Профессор Усмонзода Аюб афзуд, ки иштирокчиён ва ғолибони озмуни мазкур мувофиқи нақшаи пешбинишуда қадршиносӣ карда шуда, роҳбарони онҳо низ бо мукофтҳои пулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Дар ин радиф пешниҳод мешавад, ки минбаъд бахшида ба Рўзи илми тоҷик ғолибони озмуни мазкур ба экскурсияҳои илмӣ ва боздиди марказҳои фарҳангӣ ба шаҳри Панҷакенти бостонӣ сафарбар карда шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки даври донишгоҳии озмуни мазкур дар факултетҳои донишгоҳ то санаи 27-уми апрели соли равон идома карда, беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ