​Тасдиқи рисолаи номзадӣ муборак, Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷонович!

Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2022, №243 рисолаи номзадии сармуҳосиби раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷонович тасдиқ гардид.

Хотиррасон менамоем, ки ҳимояи рисолаи номзадии Маҳмудов Маъруфҷон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА−023 дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки номнавис дар КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, доир гардида буд.

Маврид ба зикр аст, ки рисолаи номзадии мавсуф зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷонов Даврон Додоҷонович дар мавзӯи “Формирование и развитие регионального рынка экологически чистой агропродовольственной продукции (на материалах Согдийской области Республики Таджикистан)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сурат гирифтааст.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷоновичро ҷиҳати тасдиқи рисолаи номзадӣ табрик гуфта, саломатӣ, сарбаландӣ, комёбӣ ва тавфиқи пайваста таманно менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ