​Беҳтарин ихтироъкорони ҷавон муайян шуданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Беҳтарин ихтироъкор” баргузор гардид. Ин ташаббус ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” ба роҳ монда шуд.

Ҳадаф азин иқдом дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи илм ва истеҳсолот унвон ёфта, ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманд дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври донишгоҳии озмун 35 нафар донишҷӯён аз рӯйи се номинатсия - “Ихтироъ ва навоварӣ”, “Модел ва конструксияҳо” ва“Маҳсулоти барномавии техналогияҳои иттилоотӣ”иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабурӣ Хайрулло ва мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Раҷабов Боҳир маҳорати ихтироъкорӣ ва навоварии донишҷӯёнро мавриди санҷиш қарор доданд.

Дар маҷмуъ, аз шумораи умумии иштирокчиён 9 нафар донишҷӯён ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат пайдо карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ