Эълони се озмун бахшида ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

НИЗОМНОМАИ

озмунҳои умумидонишгоҳии «Лоиҳаи инноватсионии беҳтарин», “Эссеи беҳтарин”, “Мусаввири беҳтарин” оид ба рушди деҳот

  • Муқаррароти умумӣ

1) Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» ва санадҳои дигари меъёриюҳуқуқии дахлдор таҳия гардида, ба таври дақиқ ташкил ва тартиби гузаронидани озмунҳои умумидонишгоҳии «Лоиҳаи инноватсионии беҳтарин» “Эссеи беҳтарин”, “Мусаввири беҳтарин”оид ба рушди деҳот (минбаъд - Озмун), ки дар он донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва олимони ҷавони то 35-солаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” иштирок менамоянд, танзим менамояд.

2.Муассис ва ташкилкунандаи Озмун

2) Муассис ва ташкилкунандаи Озмун Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мебошад.

3.Мақсади Озмун

3) Мақсади ташкил ва гузаронидани Озмун ин дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология ва принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имконият фароҳам меорад,ки бо роҳи ҳавасмандкунонии олимони ҷавон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа шумораи бештари ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмию инноватсионӣ ҷалб карда шуда,сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” беҳтар гардад.

4.Иштирокчиёни Озмун

4) Иштирокчиёни Озмун донишҷўён, магистрантон, докторантон ва кормандони илмию омўзгории синни то 35-солаи Донишгоҳ буда метавонанд.

5) Барои гузаронидан ва баҳодиҳии корҳои илмию таҳқиқотии иштирокчиёни Озмун Комиссияи озмунӣ таъсис дода мешавад, ки он бо фармоиши Ректори донишгоҳ тасдиқ мегардад.

5.Тадбирҳои асосӣ барои ташкили Озмун

6) Мақоми кории Озмун ҷиҳати ташкил ва гузаронидани он Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ мебошад.

7) Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои ташкили Озмун чунин тадбирҳоро амалӣ менамояд:

- дар мўҳлати муқарраршуда ба факултет ва кафедраҳои донишгоҳ доир ба баргузории Озмун маълумот медиҳад;

- дархост ва маводи Озмунро дастрас намуда, барои баррасӣ дар Комиссияи экспертии Озмун омода менамояд;

- дар сомонаи донишгоҳ оиди баргузории Озмун эълон мегузорад;

- ҷаласаи Комиссияи экспертии Озмунро даъват ва баргузор намуда, натиҷаи онро баректори донишгоҳ барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

6.Тартиби гузаронидан ва ҷамъбаст намудани Озмун

8) Барои иштирок дар Озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешаванд:

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз декани факултет;

- як нусхаи кори иҷрошуда барои озмун (лоиҳа, эссе, мусаввара).

9) Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии маводи озмуниро то 10 декабри соли 2021 аз факултетхо талаб менамояд.

10) Маводи ба Озмун пешниҳодшуда дар шакли холгузорӣ аз рўйи

меъёри зерин баҳогузорӣ мешавад:

- бароиҳар як лоиҳа, эссе, мусаввира аз 10 то 50 хол;

- бароикорҳое, ки хусусияти инноватсионӣ дорад, аз 30 то 50 хол;

11) Ғолибони озмун аз рўйи ҷамъи умумии холҳои бадастовардаи довталабон ва хулосаи илмии ҳайати комиссия ҷиҳати самаранокии амалӣ намудани натиҷаи кори илмию таҳқиқотӣ ва аҳамияти илмии он, ҳамчунин мӯҳтавои он, ки ба рушди деҳот бахшида шудааст, муайян карда мешаванд.

12) Дар мавриди ҳолатҳои баҳснок бо мақсади таъмини шаффофияту воқеият ҷиҳати баҳогузории лоиҳаи иштирокчиёни Озмун маводи озмунӣ барои баҳодиҳӣ ба экспертҳои мустақил (новобаста) дода мешавад. Ба экспертҳои мустақил (новобаста) хулосаи Комиссияи экспертӣ доир ба маводи озмунӣ дода намешавад.

7.Ҷамъбаст ва мукофотонидани ғолибон

13) Ғолибони Озмун бо диплом ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми зерин ҳавасманд гардонида мешаванд:

- ҷойи якум - 500 сомонӣ;

- ҷойи дуюм - 300 сомонӣ;

- ҷойи сеюм - 200 сомонӣ.

14) Бо қарори комиссияи экспертии Озмун ба иштирокчиёни фаъоли Озмун сипосномаи ректори донишгоҳ дода мешавад.

15) Натиҷаи Озмун аз тарафи Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар сайти донишгоҳ ва рўзномаи «Нури маърифат» паҳн карда мешавад.

8. Номгўйи самтҳои Озмун

- Лоиҳаи беҳтарин

- Эссеи беҳтарин

- Мусаввири беҳтарин

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ