Шуъбаи тарбия
Сардор
Телефон барои маълумот
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳилаи аввали ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Бинобар он рушди минбаъдаи ватани азизамон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, маънавӣ, фикран ва ҷисман солим, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳимоятгари қонунҳо, ҳуқуқҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрванд вазифаи муқаддаси оила, ҷомеа, давлат ва муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Тарбия - раванди мақсадноки ба воя расонидани насли ҷавон аз ҷониби волидайн, зинаҳои мухталифи муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаро ташкил медиҳад. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои ташаккулёбии шахс дар ҷомеа ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёдии ҳаёт равона карда шудааст. Мақсади тарбия қисми таркибии ҳадафу вазифаҳои давлат қарор дода шуда, барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда шудааст. Давлат чунин тартибу низомро ҷорӣ намудааст, ки барои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шаҳрвандон мусоидат намояд ва ҷавононро дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ бо баназаргирии пешравиҳои ҷаҳони муосир тарбия намояд.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии шуъба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбияро устодони соҳибунвону ботаҷриба Н.Зоҳидов ва А.Бобокалонов (солҳои 1999 – 2005), Ғ.Усмонов (2005-2010) , А.Мӯхсинов (2010-2012) М.Шамсидинов (2012-2018), Рухсора Давлатзода (2018-2019) ба зимма дошта, дар пешрафти ин самти донишгоҳ саҳми муносиб гузоштаанд. Аз соли 2019 вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбияро - доктори илмҳои таърих, Аюбҷон Усмонов ба дӯш дорад. Имрӯзҳо сохтори қисми фаъолиятро шуъбаҳои тарбия, кор бо ҷавонон, кор бо занону духтарон, собиқадорон, Ансамбли «Навои ҷавонӣ», осорхонаи донишгоҳ ва маҳфилҳои ҷамъиятии «Сеҳри сӯзан» ва «Дастони моҳир» ташкил медиҳанд.
Аз оғози фаъолияти шуъба то соли 2015 вазифаи мудири шӯъбаро номзади илмҳои психологӣ Абдуворис Мингбоев ва аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи сентябри соли 2018 номзади илмҳои фалсафа Фаридун Ҳодибоев ба ӯҳда дошт. Ин вазифаи пурмасъулро аз моҳи августи соли 2018 номзади илмҳои педагогӣ Бахтиёр Шомирзоев пеш мебарад.
Дар ин давра самтҳои фаъолияти шуъба вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми ҳамасолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми ҶТ, қарорҳои шӯрои олимон ва раёсати Донишгоҳ, ки ба масоили корҳои тарбиявию ахлоқӣ бахшида шудааст ба роҳ мондааст. Натиҷагирии иҷрои босамар аз ҷараёни татбиқи Стратегия, Консепсия ва Барномаҳои дурамали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун, Консепсияи миллии тарбия, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон, Барномаи мубориза бар зидди экстремизму терроризм, нашъамандӣ ва дигар роҳҳои эмин нигоҳ доштани донишҷӯён аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа аз самтҳои фаъолияти шуъба дарак медиҳад. Чунончӣ; роҳандозӣ гардидани “дарсҳои тарбиявӣ” беш аз 400 гурӯҳҳои академикӣ дар мавзӯъҳои гуногун, иштироки донишҷӯён дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва созандагии кишвар, ҳамкориҳои судманд бо мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ, ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию фарҳангии “Корвони Наврӯзӣ”, Фестивали вилоятии “Атласу адрас”, “Гулдухтарони Суғдӣ” ва амсоли инҳо равшангари татбиқи ин самти фаъолияти тарбиявӣ гувоҳӣ медиҳад.