ОМӮЗИШИ ҲАМАҶОНИБАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар 18 факултети Донишгоҳ бо иштироки устодону донишҷӯён мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо олимон ва устодони соҳибтаҷриба муҳтавои Паёми Пешвои миллатро, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҳамаҷониба таҳлил намуданд. Таъкид гардид, ки Паём барои тамоми ҷомеа, бахусус, аҳли илму маориф, санади сарнавиштсоз ва роҳнамои амал ба ҳисоб меравад.
Устодон зимни баромадҳо иброз доштанд, ки дар Паём самтҳои калидии рушди давлату ҷомеа, аз ҷумла, рушди сармояи инсонӣ, нақши илм ва маориф, такмили раванди таълим, омодасозии кадрҳои соҳибкасб ва рақобатпазир бо таҳлили амиқ ва муайянсозии ҳадафҳои дарозмуддат возеҳ ифода ёфтаанд.
Яке аз нуктаҳои муҳим ва рӯҳбахши Паём эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки ин ташаббус барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ паёми равшан дошта, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ бояд дар меҳвари фаъолияти таълимиву тарбиявӣ қарор гирад.
Иштирокчиёни вохӯриҳо бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки дар Паём дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаҳои маориф ва илм ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат муайян гардидааст. Аз ҷумла, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф аз 1-уми сентябри соли 2026 нишонаи ғамхории пайвастаи давлат ба омӯзгорон ва олимон арзёбӣ шуда, омили муҳими болоравии ҳавасмандӣ ва сатҳи касбият мебошад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат оид ба рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ворид намудани онҳо ба соҳаи маорифро вазифаи муҳим арзёбӣ карданд. Устодон зикр намуданд, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд дар омодасозии мутахассисони соҳаи иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ нақши пешсаф дошта бошанд ва барномаҳои таълимиро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат бозбинӣ намоянд.
Иштирокчиёни ин мулоқоту вохӯриҳо иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат барои аҳли илму маориф на танҳо ҳуҷҷати таҳлилӣ, балки барномаи мушаххаси амал мебошад. Татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба сиёсати давлат ба рушди илму маориф, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти устувори кишвар заминаи боэътимод мегузорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил