МИЗИ МУДАВВАР: ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА САЛОМАТИИ ҶАВОНОН
Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо донишҷӯёни ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Тарбияи ҳуқуқӣ ва саломатии ҷавонон” баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ мавзуъҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҳамчунин пешгирии бемориҳои сироятшаванда баррасӣ шуданд ва донишҷӯён фикру ақоиди худро доир ба ин масъалаҳо пурра ва муфассал баён намуданд.
Ҳамзамон, донишҷӯён бо эҷодкорӣ ва таваҷҷуҳи хоса вобаста ба мавзуъҳо расм кашида, масъулияти худро дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва бемории ВНМО нишон доданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҳуқуқии донишҷӯён, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил