ВОХӮРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, инчунин тарғиби либоспӯшии мувофиқ ба фарҳанги миллӣ, дар факултети иқтисодии Донишгоҳ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Вохӯриро декани факултет Раҳимзода Сабоат ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар заминаи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳаммияти хос дошта, ба таҳкими маърифати сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон мусоидат менамояд.

Сипас, сардори шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ҷавонони ШОПҲНҶ РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Толибзода Маҳмудҷон ва намояндаи шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарипов Икром баромад намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ ва оқибатҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҳамчунин риояи фарҳанги либоспӯшии миллӣ бо мисолҳои мушаххас маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд. Пас аз баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда дарёфтанд.

Муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр дар суханронии худ зикр намуд, ки ҷавонон, бахусус донишҷӯён бояд ҷонибдори сиёсати давлату Ҳукумат бошанд ва бо дониш, маърифат ва рафтори намунавии худ дар ободию рушди кишвар саҳми арзанда гузоранд. Ӯ ҳамчунин ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ишора намуда, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро омили муҳимми болоравии ҳисси ватандӯстӣ арзёбӣ кард.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки пешгирии зуҳуроти номатлуб танҳо вазифаи мақомоти дахлдор набуда, балки масъулияти дастаҷамъонаи ҷомеа, аз ҷумла устодону донишҷӯён мебошад. Чунин вохӯриҳо ба болоравии маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва миллӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ