МАҲФИЛИ АДАБИИ “ОФТОБИ МАЪРИФАТ” БА РӮЗГОРУ ОСОРИ АБУАБДУЛЛОҲ РӮДАКӢ БАХШИДА ШУД

Дар назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии факултети муҳандисӣ-омӯзгории Донишгоҳ нишасти навбатии маҳфили адабии “Офтоби маърифат” баргузор гардид, ки он ба рӯзгор, фаъолият ва мероси адабии Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бахшида шуд.

Маҳфил бо сухани ифтитоҳии декани факултет дотсент Неъматзода Муқаддас оғоз ёфта, таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба рушду пойдории забон ва адабиёти тоҷик, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарҳангӣ ва илмиву адабӣ заминаи мустаҳками худшиносии миллӣ мебошад.

Тибқи барнома роҳбари маҳфил, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қаюмова Феруза вобаста ба вижагиҳои ашъори Рӯдакӣ, маънии абёт ва истифодаи воситаҳои бадеӣ маърӯза ироа намуд. Ҳамчунин донишҷӯи ихтисоси “Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати тасвирӣ” Қодирзода Кимиё доир ба ҷанбаҳои илмии ашъори Рӯдакӣ бо овардани намунаҳои шеърӣ баромад кард.

Дар қисми музокира саволу ҷавоб сурат гирифта, аъзои маҳфил дар шарҳу тавзеҳи вожаҳо ва маънии байтҳои ноби шоир фаъолона иштирок намуданд.

Дар фарҷом мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, дотсент Файзулло Баҳриев андешаҳояшро доир ба аҳаммияти баргузории маҳфил ва таъсири он ба болоравии ҷаҳонбинӣ ва дониши илмии донишҷӯён баён намуд. Нишасти навбатии маҳфили “Офтоби маърифат” дар фазои илмӣ-адабӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён хотирмон арзёбӣ шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ