ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Дар майдони варзишии бинои таълимии №2 санаи 22-уми ноябри соли 2025 бозии финалӣ ва маросими ҷоизасупории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд ва волейбол байни устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки мусобиқа аз 12-ум то 20-уми ноябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва дарёфти варзишгарони соҳибистеъдод мебошад.
Факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар футболи хурди байни устодон ҷойи аввал, факултети математика ҷойи дуюм ва дастаҳои раёсати донишгоҳ ва факултети забонҳои шарқ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар футболи хурди байни донишҷӯён факултети забонҳои шарқ ғолиб омада, факултети математика ҷойи дуюм ва факултетҳои иқтисодӣ, геоэкология ва туризм сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Дар намуди волейбол байни бонувон факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ мақоми аввал, факултети биология ва химия мақоми дуюм ва факултетҳои филологияи рус ва забонҳои хориҷӣ мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Ба ғолибон сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода ва муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳ Бахтиёр Маҳмудзода ҷом, медалҳо, дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати Донишгоҳро супориданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил