ФАРЗАНДИ ВАТАН
Дар доираи татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар факултети филологияи рус маҳфили тарбиявии «Фарзанди Ватан» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Зимни баргузории маҳфил 18 унсури асосии Консепсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён ба мазмуну моҳияти тарбияи ғоявӣ, ватандӯстӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, зебопарастӣ ва ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид шуд, ки Консепсияи миллии тарбия танҳо як ҳуҷҷати расмӣ нест, балки ҳамчун роҳнамои зиндагӣ барои ҳар як ҷавон хизмат мекунад ва дар ташаккули ҷаҳонбинии солиму ватандӯстона нақши муҳим дорад.
Дар идомаи чорабинӣ навори тарбиявӣ таҳти унвони «Бозгашти амал», ки ба мушкилоти фарзандони бемеҳр бахшида шудааст, намоиш дода шуд. Сипас сабқати зеҳнии донишҷӯён бо мақсади таҳкими донишҳои андӯхта байни дастаҳои «Равшангарони Ватан» ва «Ҳомиёни Истиқлол» баргузор гардид. Ба шукуҳу шаҳомати маҳфил ҳамчунин саҳнаи театрикунонидашудаи «Нуру соя», ки мавзуи доғи ҷомеа — муносибати фарзанд бо волидонро инъикос мекард, таъсири хоса гузошт.
Намоиши корҳои эҷодӣ — рӯзномаҳои деворӣ, расмҳои тарбиявӣ ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона ба маҳфили «Фарзанди Ватан» ранги тоза бахида, муҳити тарбиявиро боз ҳам ғанитар намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил