НАҚШИ ОИЛА ДАР ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ: МАСЪУЛИЯТ ВА НИГОҲИ СОЛИМ
Дар доираи маъракаи «16-рӯзи мубориза алайҳи хушунат» дар толори хурди раёсати Донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши оила дар пешгирии зӯроварӣ: масъулият ва нигоҳи солим» баргузор гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯён, раисони Шурои занон, инчунин духтарони фаъоли факултетҳо иштирок намуданд.
Зимни мизи мудаввар сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Зайнура Шарипова, сарвари Маркази солимии репродуктивии вилояти Суғд Раъно Меҳмонова ва роҳбари лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ. Ҷамъияти бехатар барои занҳо»-и ТҶ «Сарчашма» Муаззама Болтаева суханронӣ карданд. Онҳо доир ба паҳлуҳои гуногуни мушкилот, омилҳои ба пайдоиши хушунати хонаводагӣ мусоидаткунанда, роҳҳои пешгирӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон андеша ронданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеа дар маҷмуъ барои ҳалли ин мушкилоти иҷтимоӣ зарур мебошад.
Гуфта шуд, ки таъмини фазои солим дар оила ва ҷомеа, пешгирии хушунат, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон ва ба камол расонидани насли ҷисману рӯҳан солим аз ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ ба ҳисоб меравад.
Мизи мудаввар бо табодули андешаҳои иштирокчиён ва меҳмонон ҷамъбаст гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил