Факултети физикаю техника

Факултет ҳамқадами Донишгоҳ буда, моҳи апрели соли 1932 чун шӯъбаи физикаю математикаи Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд таъсис ёфтааст. Математики шинохта Абдулғанӣ Худойбердиев, дотсент И.И.Бирембаум ва профессор А.Н.Пупирников аз ҷумлаи поягузорони бахши физикаю математика маҳсуб меёбанд. Солҳои 1933-34 раёсати донишкада аз шаҳрҳои марказии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ИШ) олимони соҳаи физика ва математика - профессорон А.П.Писарев, А.Т.Землянов, дотсентон А.Н.Макагон, П.А.Маленко ва Н.Н.Зарочен-севро барои кори омӯзгорӣ таклиф намуд. Муаллимони рус машғулияташонро ба забони русӣ мегузарониданд ва хатмкардагони солҳои 1937-38 А.Довудов, М.Акрамов ва Т.Ҳомидов баробари таҳсил вазифаи тарҷумониро ҳам бар ӯҳда доштанд.

Дар оғози ҶБВ баъзе аз макотиби олии қисми аврупоии собиқ ИШ ба шаҳри Хуҷанд кӯчонида шуданд. Аз ҳисоби устодон Н.Т.Зуева, И.Н.Горбатков, Г.И.Герасимчук, А.Т.Землянов ва И.И.Иванов сафи муаллимони донишкада пурра карда шуданд. Дар соли таҳсили 1942-43 д.и.ф-м, профессор Б.И.Яновский мудири кафедраи физика таъин мегардад. Соли 1950 дар назди факултет устохонаҳои таълимии коркарди чӯб ва металл бунёд карда мешаванд. Дар ташкил ва ҷиҳозонидани ин устохонаҳо хатмкардагони донишкада Л.И.Мелехов, И.Н.Дураков ва писаронашон Александр ва Василий Дураковҳо, С.М.Пекшев, В.А.Филимонихин, Н.И.Титов ва дигарон саҳми босазо гузоштаанд. Дар ин солҳо факултет асосан аз рӯи ихтисосҳои физика, математика, физикаю математика ва мататемака физика мутахассис тайёр менамуд. Минбаъд дар факултет ихтисосҳои нав, ба монанди физика ва асосҳои истеҳсолот, математика ва нақшакашӣ, нақшаю расм таъсис меёбанд. Барои сарпарастии ихтисосҳои нав соли 1957 кафедраи Асосҳои истеҳсолот таъсис дода шуда, сарварии ин кафедра ба зиммаи дотсент П.А.Маленко вогузор мешавад. Бо сарварии ин марди кордону одамшинос дар кафедра як муҳити кории олидараҷа созмон дода шуда, аъзоёни кафедра аз ҳисоби хатмкардагони факултет Д.Аҳмадов, Ҷ.Раҷабов, Ҳ.Усмонов, М.Камолов пурқувват гардонида мешавад. Солҳои 60-ум марҳалаи нави камолот ва комёбиҳои факултет оғоз мегардад. Устодони пуртаҷриба, ба мисли Р.Муродов, А.Раззоқов, А.Сатторов, В.И.Попов, Б.П.Левкин, М.Рустамов ва дигарон, дар ташкили тадрису таълим намунаи ибрат буданд. Н.и.ф-м. Э.Файзиев, Ҳ.Неъматуллоев, В.Антонов, Ҳ.Абдуллоев ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ менамоянд. Солҳои 70-ум ба ҳайати муаллимон н.и.ф-м., дотсентон Ҳ.Саидов, Ҷ.Латипов, М.Насриддинов, А.Мамадҷонов, А.Осимов, Ш.Шокиров, М.Ҷамолов, ки дар соҳаи назарияи физика, физикаи таҷрибавӣ ва астрофизика корҳои илмӣ мебурданд, шомил мегарданд. Бо ташаббуси Т.Ҳомидов ва иштироки фаъоли сармуаллимони факултет В.И.Попов, А.В.Павленко, А.П.Крикун ва Ҷ.Раҷабов дар факултет синфхонаҳои махсуси таълимиву техникӣ ва системаи автоматикии идоракунии раванди таълим бунёд мегардад.

То солҳои 1970 факултетҳои Физикаю математика дар якҷоягӣ амал менамуд. Аз соли 1957 то соли 1970 вазифаи сарварии факултетро яке аз устодони пуртаҷриба, математик Отаҷон Қурбонов ба зимма дошт. Дар соли таҳсили 1972-73 факултет ба ду факултети мустақили физика ва математика ҷудо мешавад. М.Насриддинов, номзади илмҳои техникӣ Р.М.Шамсиев, номзади Пас аз мустақил гардидани факултет, сарварии онро яке аз устодони соҳибтаҷриба Туробхон Хӯҷаев ба ӯҳда мегирад. Дар солҳои минбаъда вазифаи пуршарафи декании факултетро дотсентон, номзади илмҳои фалсафа М.И. Исмоилов, номзади илмҳои физика-математика Ҷ.Л.Латипов, номзади илмҳои физика-математика илмҳои физика-математика Ҳ.Р.Саидов, доктори илмҳои техники профессор У.Султонов, номзади илмҳои техникӣ С.Ёқубов, номзади илмҳои омӯзгорӣ, дотсент А.Азизов, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Нуриддинова М., номзади илмҳои физика-математика дотсент Р.Назаров дар ӯҳда доштанд, ҳоло ин вазифа ба зиммаи н.и.ф.-м., дотсент М.Шамсидинов гузошта шудааст.


Дар ин солҳо муаллимони ҷавон Э.Шакарбоев, А.Мамадҷонов, Ҳ.Абдуллоев, А.Раупов, О.Шамсиддинов, Б.П.Левкин ва дигарон ба марказҳои илмӣ ва макотиби олии ИШ ба аспирантура қабул карда мешаванд. Хусусан равобити илмӣ бо Пажӯҳишгоҳи физикаю техникии ба номи акад. А.Ф.Иоффеи шаҳри Ленинград (С.-Петербурги ҳозира) барои факултет хело муфид ва маҳсулнок буд. Бо роҳбарии олимони барҷастаи ин макони илму дониш устодон М.Шерматов, У.Султонов, Ғ.Дадобоев, Х.Бобоназаров, Ф.Ҷалилов, А.Абдуманнонов, Д.Ахмедов, Қ.Исмонқулов, Ғ.Усмонов, Р.Назаров, М.Шамсиддинов, К.Мирҷамолов, И.Иброҳимов, Б.Обидов, Х.Маҳмудов ва диг. соҳиби унвони илмӣ гардиданд. Солҳои минбаъда устодон У.Султонов ва А.Абдуманнонов дар ин ҷо ба унвони доктори илм мушарраф гардиданд. Дар ин солҳо инчунин устодон Ҳ.Муртазоев, А.Абдувалиев, А.Абдуллоев, Ғ.Обидҷонов, Э.Исоқов, М.Маҳмудов, Р.Шамсиев, С.Ёқубов, А.Қодиров, М.Зиёбоев, А.Домуллоҷонов, Ш.Шерматов, А.Л.Қодиров, М.Нуриддинова, Ш.Шамсиддинов, Х.Ҷӯраева, Ҳ.Ғафуров, С.Раҳимов, М.Дадобоева, М.Қўзиев, Р.Валиев, З.Юсупов, Т.Ашўрова, Д.Юсупова, Н.Маҳмудова, А.Ҳоҷибоев, В.Сидиқов, П.Пӯлотов ва дигарон дар аспирантураи шаҳрҳои Масква, Ленинград, Дубна, Зеленоград, Тошкант, Ашқобод, Душанбе, Хуҷанд таҳсил намуда, соҳиби дарҷаву унвонҳои илмӣ мегарданд. Солҳои минбаъда устодон Ҳ.Тошхӯҷаев, И.Файзиев ва А.Азизов рисолаҳои доктории худро дифоъ намуданд. Ҳамаи устодони варзидаи дар боло зикргардида ва олимони намоёни вилоят ва ҷумҳурӣ, ба монанди узви вобастаи АИ ҶТ, профессор С.Н.Каримов, профессорон Н.Рабеҷонов, Х.Абдуллозода ва диг. барои тайёр намудани муттахассисони дараҷаи олии соҳаҳои илму техника ва маориф ҳиссаи арзанда доранд.

Дар факултет ҳоло кафедраҳои зерин фаъолият доранд:

- Физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт;

- Физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика;

- Электроника.

Ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар факултет хело назаррас аст. Устодони факултет дар корҳои ихтироотӣ ва навоварӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд ва соҳиби зиёда аз 40 патент мебошанд. Академики Академияи муҳандисии ҶТ, профессор М.Шерматов, узви вобастаи ҳамин Академия, дотсент М.Маҳмудов, дотсентон С.Ёқубов, Р.Валиев, донишҷӯён М.Зарипова (соли 2015), М.Қудузова (соли 2016), С.Абдураҳмонов (2017) ва дигарон дар ихтироъкориву навовариҳои соҳаҳои физика ва техника ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Устодони факултет дар барномаҳои давлатӣ, гранту лоиҳаҳои муштараки иштирок менамоянд. Аз тарафи устодони кафедраи Физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт 4 лоиҳаи корҳои тадқиқотии байналхалқӣ бо дастгирии раёсати Донишгоҳ корҳои илмӣ-татқиқотӣ амалӣ гардонида шуд. Бо кўшиши профессор Ҳ.Муртазоев робита бо маркази таҳқиқотии Юлих (Германия) хуб ба роҳ монда мешавад. Дар асоси лоиҳаи «Ташкил намудани системаи коммуникатсионӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ» бо дастгирии МИТБ (МНТЦ) Москва дар факултет як ҳуҷраи компутерӣ ташкил карда шуд, ки ин ҳуҷра якҷоя бо ҷиҳозҳои аз Маркази Тадқиқотии Юлихи Олмон гирифта шуда, барои донишҷўён ва устодон ба маркази тадқикотӣ мубаддал гардид. Мақсади лоиҳаи мазкур таъмин намудани ташкилотҳо бо компутерҳои ҳозиразамон ва пайваст кардан ба шабакаи Интернет ба таври ройгон мебошад. Лоиҳа 8 ташкилоти Тоҷикистони Шимолиро дар бар гирифт: ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Филиали политехникӣ ба номи М. Осимӣ, Донишкадаи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон, ТД «Востокредмет», Бахши агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, заводи гидрометаллургии Исфара-Тахомӯш, комбинати металлҳои нодири Чойрух-Даррон.


Дар асоси лоиҳаи «Ҳолати радиоэкологии Тоҷикистони Шимолӣ» бо кўмаки маркази илмии Юлих-Олмон ҷиҳозҳои қиматбаҳои ҳозиразамон ба лабораторияи нав таъсиси «Радиоэкология» гирифта шуд, ки бо воситаи онҳо донишҷўёну аспирантон корҳои курсӣ, дипломӣ ва корҳои тадқиқотӣ мебаранд. Дар асоси лоиҳаи «ERASMUS MUNDUS External Cooperation Windowlot 9 CA» бо дастгирии Иттиҳодияи Европа якчанд донишҷўён ва аспирантон дар давлатҳои Европа фаъолияти худро давом доданд. Ҳамкории илмии устодони факултет бо марказхои илмиву таълимӣ ва муассисаҳои байналхалқӣ хело густариш ёфтааст. Устодони факултет бо марказҳои бузурги илмии физика ва технологияи муосир робитаи зич доранд. Аз ҷумла, устоди кафедраи Электроника бо Донишгоҳи технологии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодони кафедраи физикаи умумӣ ва чисмҳои сахт бо ДФТ ба номи Иоффеи АИ Руссия, ОИЯИ (ш. Дубна) ҳамкории илмӣ доранд ва бо якчанд марказҳои илмии ҷаҳон робитаҳои самараноки илмиро идома медиҳанд. Яке аз олими ҷавони факултет, сармуаллими кафедраи электроника Усмонов А.А. дар озмуни донишгоҳии “ Муаллими соли 2017 ” бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20 – солагии Ваҳдати Миллӣ” баромад намуда, сазовори ҷои дуюм гардида буд. Ғайр аз ин донишҷӯёни факултети физикаю – техника Умаров Баҳоралӣ ва Ашӯров Ҳайдаралӣ дар озмуни “Стипендияи Раиси вилоят” иштирок варзида, соҳиби стипендияи Раиси вилоят гардиданд.

Мутахассисони дар факултет тайёршаванда:

физика, физикаю математика, радиофизика, электроникаи тиббӣ, МЭҲ, дастгоҳҳои электронӣ. Дар факултет тайёр намудани мутахассисони соҳаи физика ва техника дар зинаи бакалавиатура, магистратура ва докторантураи PhD ба роҳ монда шудааст.

Номгўи ихтисосҳои шуъбаҳои факултети физикаю техника дар тайёршаванда:

1. 1-020502 – Физика. Тахассус: муаллими физика, дараҷаи таҳсилот – бакалавр, мўҳлати таҳсил - 4 сол (рӯзона), мўҳлати таҳсил - 5 сол (ғоибона)

2. 1-020504-01 - Физика-математика. Тахассус: муаллими физика ва математика, дараҷаи таҳсилот – бакалавр, мўҳлати таҳсил - 5 сол

3. 1-4002-01 - Мошинҳои ҳисоббарор, низомҳо ва шабакаҳо. Тахассус: муҳандис-техники системавӣ, дараҷаи таҳсилот – бакалавр, мўҳлати таҳсил - 4 сол

4. 1-400202 - Дастгоҳҳои электронӣ. Тахассус: муҳандис-электрончӣ, дараҷаи таҳсилот – бакалавр, мӯҳлати таҳсил – 4 сол.

5. 1-31040309 – Электроникаи тиббӣ. Тахассус: муҳандис-электрончӣ, дараҷаи таҳсилот – мутахассис, мӯҳлати таҳсил – 5 сол.

Номгўи ихтисосҳои шуъбаи ғоибонаи факултети физикаю техника:

1. 1-020502 – Физика. Тахассус: муаллими физика, мўҳлати таҳсил – 5 сол

Номгўи ихтисос дар магистратура (шўъбаи рўзона, мўҳлати таҳсил 2 сол):

1.Физика Номгўи ихтисос дар доктарантура PhD (шўъбаи рўзона, мўҳлати таҳсил 3 сол, дараҷаи таҳсилоть – доктори физика) 1.Физика