​Дарси кушод: Қонунҳои асосии занҷири электрӣ баррасӣ шуданд

Дар факултети физикаю техника дарси кушоди профессори кафедраи электроника номзади илмҳои физика-математика Ҳаким Тошхуҷаев дар мавзӯи “Қонунҳои асосии занҷири электрӣ" дар гурӯҳи 205 ихтисоси электроникаи тиббӣ баргузор гардид, ки дар дарс декани факултет дотсент парвиз Пӯлотов ва ҳамчунин мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони факултет иштирок намуданд. Дарс аз ҷиҳати илмӣ-назариявӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Дар раванди дарс профессор Ҳаким Тошхӯҷаев аз таҷриба ва методҳои угногуни таълим истифода намуда, моҳияти дарсро ба шогирдон фаҳмонд. Ҳамчунин дар раванди машғулият устод аз аёниятҳо, муаррифиҳо ба таври фаровон истифода намуд. Мавзӯи нав бо мавзӯи гузашта вобаста карда шуда, ҳангоми баёни мавзӯи нав аз қонунҳои Ом барои қитъаи занҷир, қонуни Кирхгоф, қонуни тавозуни иқтидорҳо, диаграммаҳои потенсиалӣ ва тарзи сохтани онҳо, занҷирҳои электрикӣ ва дигар истилоҳҳои электронӣ ба таври мушаххас ба донишҷӯён фаҳмонида шуд. Дар фарҷоми дарс миёни устод ва донишҷӯён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ