​Физикаро меомӯзем

Таҳти ин унвон дар факултети физикаю техника маҳфил доир гардид. Ин ташаббус аз ҷониби кафедраи методикаи таълими физика бахшида ба эълон шудани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, инчунин солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ба роҳ монда шуд.

Дар маҳфил донишҷӯёни бахшҳои мухталиф ва ихтисосҳои гуногуни факултет иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи маҳфил мазмуну мундариҷаи мафҳумҳои физикӣ бо таври соддаву дастрас ба аъзоёни маҳфил шарҳ дода шуд.

Дар ҷамъбасти маҳфил донишҷӯёни фаъол аз тарафи декани факултет бо ифтихорнома сарфароз шуданд.

Мақсади асосии маҳфил шинос намудани донишҷӯён бо асосҳои физикаи замонавӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ