Баргузории дарсҳои кушоди маҷозӣ дар донишгоҳ

Бо ташббуси дотсенти кафедраи назарияи физика Манзура Рустамова дарси кушоди аз фанни механикаи квантӣ дар мавзуи “Ҳолатҳои соддаи ҳаракати микрозарраҳо” барои донишҷӯёни соли 4-уми ихтисоси физика-математика тариқиплатформаи Zoom баргузор гардид.Дар ҷараёни дарси кушод ба тариқи маҷозӣ омӯзгор боистифода аз технология ва методологияи навгаро ва усулҳои фаъоли таълимро корбаст намуда, мазмуну мундариҷаи дарсро бо истифода аз аёниятҳои муосир ба донишҷӯён фаҳмонд. Дар зимн устод аз аёниятҳо, аз қабили адабиёти илмӣ, муаррифиҳо ва дигар таҷҳизоти муосир фаровон истифода намуд. Дар идома машғулият донишҷӯён роҷеъ ба мавзуи баррасишаванда суолу ҷавоб намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар ҷараёни машғулият намояндагон аз факултетҳои донишгоҳба дарси кушод тариқи платформаи Zoom иштрок намуданд.

Мақсади баргузории дарсҳои кушоди онлайнӣ беҳдошти сифати таълим, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён арзёбӣ гардида, чунин иқдом дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ