​Дарси кушод: Асосҳои термодинамика. Функсияҳои характеристикӣ

Дар донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Вобаста ба ин дар факултеи физикаю техникаи донишгоҳ дарси кушоди сатҳи кафедравии омӯгор Мафтуна Кудузова аз фанни физикаи статистикӣ ва термодинамика дар мавзӯи “Асосҳои термодинамика. Функсияҳои характеристикӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндаи шӯъбаи сифати таҳсилот А. Миршоев, декани факултет П.Пӯлотовва ҳамчунин мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони факултет иштирок намуданд. Дарс аз ҷиҳати илмӣ-назариявӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Дар раванди дарс устод аз аёниятҳо ва муаррфиҳо фаровон истифода намуд. Мавзӯи нав бо мавзӯи гузашта вобаста карда шуда, ҳангоми баёни мавзӯи нав функсияҳои Гамилтон, тақсимоти каноникии Гиббс, қоидаи ҳосилагирӣ ва хосиятҳои дифференсиалро татбиқ карда шуд. Ҳар як формулаҳое, ки ба мавзӯъ вобаста буд ба таври мушаххас исбот карда шуд, кидонишҷӯён аз ин дарс бисёр маълумот ва донишҳои заруриро аз худ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ