​Раванди машғулиятҳои таҷрибаомӯзон

Донишҷӯёни курси 5- уми факултети физикаю техника, ихтисоси физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷрибаи педагогии хешро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳамроҳи методист ва роҳбарони таҷрибаомӯзӣ бомуваффақият гузаронида истодаанд.

Таҷрибаомӯзон дар раванди таҷрибаи педагогӣ дар баробари дарс гузаштан аз фанҳои тахассусӣ, физика математика ҳамчунин вазифаи роҳбарии синфҳои 8-11 ба дӯш доранд. Донишҷӯён дарсҳоро бо аёниятҳо, таҷрибаҳои намоишӣ ва мисолу масъалаҳо ба роҳ монда, таҷрибаи омӯгории хешро мустаҳкам намуда истодаанд.

Ҳамчунин, пас аз анҷоми машғулият таҳлил ва муҳокимаи дарсҳои таҷрибаомӯзон ҳамроҳи методистон ва масъулини шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шуда, ба таҷрибаомӯзон баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд ташкил намудани дарсҳо машваратҳои педагогӣ дода шуда истодааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ