​Ҳалли масъалаҳои физикӣ дар доираи олимпиадаи факултетӣ

Бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар факултети физикаю техника олимпиадаи донишҷӯён аз фанни физика аз тарафи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт баргузор гардид. Дар олимпиада 15 нафар донишҷӯён аз курсҳои 1 то 3-и ихтисосҳои физика, физика – математика, электроникаи тиббӣ, физика-информатика иштирок намудаанд.

Тибқи низомнома барои ҳамаи донишҷӯён 5 масъала аз қисмҳои гуногуни физика пешниҳод гардид ва донишҷӯён дар вақти муайяншуда онро иҷро намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки беҳтарин бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои молии садорати факултет қадршиносӣ карда мешавнд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ