Факултети математика

Телефон барои маълумот

  • Бинои таълимӣ 1

Факултети математика ҳамсоли донишгоҳ буда, соли 1932 таъсис ёфтааст. Дар соли аввали таъсисёбии факултет ҳамагӣ 12 нафар донишҷӯ таҳсил доштанд, ки аз онҳо 7-нафар соли 1936 соҳиби дипломи омӯзгорӣ гаштанд.

Солҳои 1932-37 вазифаи декани факултет мавҷуд набуд. Ин вазифаро директори донишкада иҷро мекард. Соли 1938 вазифаи декани факултет таъсис ёфт. Якумин декани факултет М. Акрамов (1938-1942) буд. Минбаъд шахсони зерин ин вазифаро иҷро карданд: А.С. Малявин (1943-1944), Т.Ҳ. Ҳомидов (1944-1956), А.М. Қурбонов (1957-1970), Р.Т. Ҳасанов (1970-1992), А. Қодиров (1992-1993), А.Б. Нозимов (1993-1995), А. Рашидов (1995-2007), Ё. Дадоҷонов (2007-2011), Қ. Бобохонов (2011-2015), А. Муҳсинов (2015 то феврали 2017) ва аз 1 феврали 2017 инҷониб ин вазифа боз ба уҳдаи Қ. Бобохонов вогузор карда шудааст.

Аз соли таъсисёбии факултет 1932 то соли 1937 кафедраи ягонаи математикаю физика мавҷуд буд. Минбаъд кафедраи мустақили физика ва математика ташкил карда шуд. Он вақт кафедра ҳамагӣ 7 нафар аъзо дошт. Барои силсилаи фанҳои математикӣ то соли 1955 ин кафедраи ягона буд. Аввалин мудири кафедра А. Худойбердиев буд. Пас, мудирони кафедра А.П. Писарев (1934-1938), Х. Азизов (1938-1939), К.С. Карпенко (1940-1944), М.С. Горштейн (1944-1950), А.С. Содиқов (1950-1955).

Соли таҳсили 1955-56 кафедраи ягонаи математика ба ду кафедра ҷудо шуд: математикаи олӣ ва математикаи элементарӣ. Кафедраи математикаи олӣ аз соли 1955 то соли 1975 фаъолият бурда ва инҳо мудири кафедра буданд: А.С. Содиқов (1955-1962), Р.Т. Ҳасанов (1963-1966), Б. Толбоев (1966-1972), Ш.А. Аҳмадов (1972-1975). Кафедраи математикаи элементарӣ низ аз соли 1955 то соли 1975 фаъолият карда инҳо мудири кафедра буданд: Л.А. Рогов (1955-1956), Х.М. Муҳаммадиев (1957-1970), А.М. Қурбонов (1970-1975).

Соли 1972 ба ду факултети мустақил - факултети математика ва факултети физика ҷудо шудани факултети физикаю математика боиси таъсиси кафедраҳои нав гардид. Дар он сол кафедраи методикаи таълими математикаю физика ба ду кафедраҳои мустақили методикаи таълими математика ва математикаи элементарӣ ва кафедраи методикаи таълими физика ҷудо шуданд. Охири соли 1975 кафедраи математикаи олӣ ба ду кафедра ҷудо карда шуд: кафедраи анализи математикию назарияи функсияҳо ва кафедраи алгебраю назарияи ададҳо, кафедраи математикаи элементарӣ ба кафедраи геометрия номгузорӣ карда шуд. Ҳамин тавр, дар факултети математика аз соли 1975 то соли 1991 4 кафедра фаъолият бурдааст.

Соли 1991 кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор ташкил ёфт. Ба муносибати ба донишгоҳ табдил додани донишкада дар факултет соли 1992 боз ду кафедраи нав таъсис дода шуд: кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи функсионалӣ ва кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ. Минбаъд кафедраи алгебраю назарияи ададҳо ва кафедраи геометрия муттаҳид карда шуда, кафедраи алгебра ва геометрия номгузорӣ шудааст.

Факултет бо марказҳои таълимию илмии муосир, ба монанди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи техникӣ – омӯзгории Вологда, Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои ядроии ш. Дубнаи ФР, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДО ба номи С. Айнӣ, ДДО Қурғонтеппа, ДД Хоруғ, ДО Данғара, Пажӯҳишгоҳи проблемаҳои идоракунӣ, Институти математикаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон ва ғайра алоқаи мустаҳками илмию омӯзгорӣ дорад.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорони факултет ба мавзуъҳои муосири бунёдии математика, информатика ва методикаи таълими он равона шудааст. Ҳамкорӣ бо олимони ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия хело хуб ба роҳ шудааст.

Дар факултет як семинари доимоамалкунандаи ҳарҳафтинаи илмӣ таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи Илмҳои ҶТ, профессор Э.М.Мухамадиев амал мекард. Солҳои охир роҳбарии ин семинарро шодравон профессор А. Муҳсинов ба уҳда доштанд. Ҳоло роҳбарии фаъолияти семинари илмӣ ба уҳдаи дотсентон А.Олимов ва Қ. Тухлиев вогузор гаштааст.

Базаи моддӣ техникии факултет сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Ҳоло факултет дорои синфхонаҳои компютерии ҳозиразамон ва кабинетҳои фаннӣ, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва мавҷуд мебошанд, ки барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои математика, математикаи амалӣ, информатика, математика-физика мувофиқ аст. Якчанд сол дар факултет дар ду равия – 1-31 03 03-02 «Математика» ва 1-02 05 05 «Информатика» таҳсили магистратураро ба роҳ монда шуда буд ва аз соли 2016 инҷониб магистратура фақат барои ихтисоси математика фаъолият дорад. Соли таҳсили 2017 – 2018 қабул ба доктор PhD оғоз ёфт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аввалин маротиба соли 2004 дар байни омӯзгорони фанҳои дақиқи Донишгоҳ, устодон – Қ. Тухлиев ва М. Муллоҷоновро бо Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонид. Солҳои тулонӣ донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор шуда истодаанд. Дар соле, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муазамми миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2017 – соли Ҷавонон» эълон гардид, донишҷӯёни факултет ба якчанд дастовардҳо ноил гаштаанд. Аз ҷумла, соли таҳсили 2016 - 2017 донишҷӯи курси 4-ум Р.Баротов дар озмун барои гирифтани Ҷоми АУ ҶТ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷои якум ва соҳиби Ҷоми академия гардид, донишҷӯи курси 5-ум Б. Раҳмонов аз фанни технологияи информатсионӣ ҷои сеюмро сазовор гардид. Дар олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ Б. Раҳмонов аз фанни технологияи информатсионӣ сазовори ҷои якум, донишҷӯи курси 2 М. Мирзохӯҷаева аз фанни фалсафа сазовори ҷои сеюм гардида буданд. Дар ин соли таҳсил донишҷӯи курси чоруми ихтисоси математика Баротов Р. тариқи Онлайн дар олимпиадаи умумиросиягии донишҷӯёни мактабҳои олии ФР сазовори ҷои якум гардид. Ин донишҷӯён бо баробари сазовори Ифтихорномаи ВМ ва ИҶТ гардиданашон, инчунин аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳоло донишҷӯёни шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои: 1-31 03 03-02 - математика, 1-02 05 05 -информатика, 1-31 03 03-02- математикаи амалӣ, 1-02 05 03-01 - математика-физика ва донишҷӯёни шуъбаи ғоибона аз рӯи ихтисосҳои: 1-31 03 03-02 - математика, 1-31 03 03-02 -математикаи амалӣ ва 1-02 05 05 - информатика, магистрантон аз рӯи ихтисоси 1-31 03 03-02 -математика, доктор PhD аз рӯи равияҳои муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи математикӣ таҳсил намуда истодаанд.