Аҳамияти омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷӣ дар замони муосир
Дар кафедраи Анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов хониши сиёсӣ доир гардид.
Ин ташаббус ба мавзуи “Аҳамияти омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷӣ дар замони муосир” бахшида шуд.
Донишҷӯи факултети математика ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023 Раҳмонова Мақсадхон доир ба ин мавзуъ маърӯза намуд.
Таъкид гардид, ки боядҷавонони имрӯза ақалан ду забони хориҷиро донад. Зеро барои огоҳ шудан аз пешрафту тараққиёти ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ зарур аст.
Гуфта шуд, ки бе донистани забонҳои хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудан ғайриимкон аст. Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд стратегияю барномаҳо қабул шудааст. Барои дар амал татбиқ намудани «Барномаҳои давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даври то соли 2030» дар кафедра гурӯҳи ангилисӣ ташкил шудааст, ки дар доираи он фанни математика бо забони ангилисӣ омӯзонида мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил