​Конференсияи илмӣ - анъанавии бахши донишҷӯён

Дар факултети математика конференсияи бахши донишҷӯёни кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ доир гардид.

Дар доираи конференсия 9 маърӯза шунида шуд. Маърӯзаҳо дар мавзуи “Истифодаи гузориши функсионалӣ дар ҳалли муодилаҳо”, “Истифодаи маълумотҳои таърихӣдар омӯзиши каср” ва “Истифодаи масъалаҳои мантиқӣ ҳамчун воситаи рушд ва таъсиррасонӣ дар фаъолияти математикии хонандагон”, “Тадбиқи функсияҳои тригонометрӣ дар ҳаёти реалӣ”, “Ҳалли масъалаҳои шавқовар дар раванди таълими математика”, “Бо ёрии гузоришҳои тригонометрӣ ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ”, “Баъзе тарзҳои ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ” ва “Ташаккули маҳорати ҳал кардани масъалаҳои матнӣ” баён шуданд.

Се нафар донишҷӯёни фаъол ҷиҳати ироаи маърӯзаҳои пурмуҳтаво ғолиб дониста шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ