​Таҷрибаомӯзии педагогӣ: донишҷӯён мустақилона дарс мегузаранд

Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси математикаи амалӣ дар Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин гуруҳи донишҷӯён ба синфҳои 7 вобаста шуда, аз фанҳои алгебра, геометрия ва технологияи иттилоотӣ дарсҳои озмоишӣ гузашта истодаанд.

Инчунин, таҷрибаомӯзон ҳамчун роҳбари синф фаъолият бурда, дарсҳои соати тарбиявӣ низ мегузаранд.

Роҳбарони гурӯҳ оид ба тарҳрезии дарс дар таълими салоҳиятнокӣ, хусусиятҳои педагогию психологии тайёрии омӯзгор ба дарс, нақши корҳои тарбиявии роҳбари синф ва усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарс баромад намуда, ба таҷрибаомӯзон оиди риояи тарзи либоспӯшӣ, одобу интизом ва идора намудани синфҳо маслиҳатҳо доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ