​Бозии математикии “Эврика”

Бо иқдоми кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ бозии математикии “Эврика” гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур ҷои аввалро донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математикаи амалӣ Темурова Оминахон, ҷои дуюмро донишҷӯи курси якуми ихтисоси математика-физика Ҳомидова Моҳира ва ҷои сеюмро донишҷӯи курси дуюми ихтисоси математика Бобоев Ҳабибулло сазовор гардиданд.

Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ва дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳу саводи донишҷӯён, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ